ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Дарвоз ба оилаҳои ниёзманд кумак расонида шуд

Декабрь 16, 2024 14:53

ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кӯмак ба эҳтиёҷмандон  аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» ва ширкати Малайзия Сhinta Gaza Malaysi дар мавсими сармо ба 50 оилаи ниёзманди шаҳри Душанбе ва 50 оилаи ноҳияи Рӯдакӣ кумак расонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, дар доираи ин амали нек ба 50 оилаи шаҳри Душанбе дастгоҳҳои хонагармкунӣ (радиатор) тақдим гардида, ҳамзамон ба 50 оилаи ниёзманди ноҳияи Рӯдакӣ 500 килограммӣ ангишт дода шуд.

Дар ин замина чунин кумак ба ноҳияи Дарвоз низ расонида шуда, ба беморхонаи марказии ин ноҳия як генератори 200-киловатта тақдим карда шуд.

Чунин амали инсонпарварона ва наҷиб дар пайравӣ ба иқдоми хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар заминаи сиёсати самарабахши иҷтимоӣ амалӣ шуда, пайваста иҷро мегардад.

Бояд таъкид намуд, ки дастгирии маъюбон, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар ниёзмандон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар ин самт ҳамеша барои дастгирии онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.


Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» 13 июли соли 2016 ба фаъолият оғоз намудааст. Ин ташкилот ҳамасола ба ҳазорҳо хонаводаҳои ниёзманд маводи ғизоӣ кумак мерасонад.

Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» Ҷамшед Сафаров гуфт, ки «соли 2023 ташкилот ба 1700 оилаи ниёзманди шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ маводи ғизоӣ тақсим намуд, ки дар маҷмуъ 45 тоннаро ташкил дод. Соли 2024 ба 1016 оилаи ниёзманд маводи ғизоӣ расонида шуд. Инчунин ба хона-интернатҳои шаҳри Кӯлоб, Восеъ, Сангвор, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе кумак расонида, барои онҳо дастархони идона ороста шуд».

Таҳти ҳидоятҳои Сарвари давлат роҳбари ширкати «Сабо» Ҷамшед Сафаров пайваста дар ободонию созандагӣ, кумак ба ятимону барҷомондагон ва шахсони маъюб саҳми муносиб мегузорад.

АКС: Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо»

Декабрь 16, 2024 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд