Дар шаҳри Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси мувофиқаи бадастомада аз 11 декабр то 19 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳошияи мулоқот ҷонибҳо корро бо мақсади таҳияи минбаъдаи ҳуқуқии гузариши хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ карданд.
Ҷонибҳо корҳоро дар ин самт дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.
Дар ҷамъбасти мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.