«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт

Декабрь 14, 2024 11:06

ДУШАНБЕ, 14.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарманд Қутбия Наимова аз деҳаи Боқӣ Раҳимзодаи шаҳри Турсунзода бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» роҳ ёфт.

Ин бонуи матинирода ва аҳли хонаводааш дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» байни 8 оилаи ҳунарманд сазовори ҷойи аввал гардид.

Қутбия Наимова беш аз 20 сол мешавад, ки ба нонпазӣ машғул аст. Иштирок дар озмун ва намоишҳои ҳунармандии мамлакат ва давлатҳои хориҷӣ ба ин зани ҳунарманд имконият дод, ки дар ин самт ҳунарашро такмил бидиҳаду шинохта гардад.

Ӯ яке аз ҳунармандоне мебошад, ки дар тарғиби рушди ҳунарҳои мардумӣ нақши назаррас дошта, онро ба дигарон омӯхтааст. Нонҳои пухтааш, аз ҷумла чаппотӣ, гирдача, хасфатир, нони аррагӣ, кулчаи чойӣ ва кулчаи чашмиро, ки бо сабки миллӣ ва хусусияти хос омода мегарданд, талабгорони зиёд дорад.

Ин зани меҳнатдӯст ҳунари нонпазиро аз модараш омӯхта, нозукиҳои онро имрӯз ба келин ва духтаронаш омӯхтааст. Ин оилаи ҳунарманд ба мардум хизмат расонида, аз ҳисоби маблағҳои бадастовардаашон сатҳи зиндагии худро баланд мебардоранд.

«Гарчанде нонпазӣ кори осон нест, вале фикр мекунам, ки ҳар зани тоҷик бояд ин ҳунарро дошта бошад. Ман то қадри имкон ва тавоноӣ ба аҳли оилаам ин ҳунарро омӯзондаам. Имрӯз онҳо низ мисли ман дар намоишҳои ҳунармандӣ иштирок менамоянду барои маъракаҳои хурсандии мардум кулча ва нонҳои гуногун омода мекунанд»,-мегӯяд Қутбия Наимова.

Ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргаре аст, ки офаридаҳои ҷолибаш дилҳоро мафтун месозад. Нафосату назокати ҳар ҳунар вобаста ба тахайюли бойи ҳунарманд инкишоф меёбад. Зеро ҳар ҳунар сирри худро дорад, ки омӯхтану ба кор бурдани он аз шахс маҳорату малака ва шавқу ҳаваси хосса тақозо менамояд.

Ин зани ҳунарманд ғолиби ҷандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ва «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» мебошад. Ҳамчунин ӯ соли 2023 зимни баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намудааст.

«Дар рӯзҳои фарҳангӣ ба мардуми Ҷумҳурии Қазоқистон нон ва кулчаҳои тоҷикӣ пешниҳод намудем. Иштирокдорон аз ороиши зебо, нақшу нигор ва ҳаҷми нону кулчаҳои тоҷикӣ ба ваҷҳ омада, чӣ тарз ва аз чӣ омода шудану пухтани онро аз мо мепурсиданд. Мо кӯшиш намудем, ки ҳунари дастии занони тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ намоем. Хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуд»,-иброз дошт Қутбия Наимова.

Ҳунармандони моҳир дар ҳама давру замон усулҳои бадеию техникӣ, наққошӣ, бофандагию дӯзандагӣ, анъанаҳои касбӣ ва нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намуда, ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд, ки ин бевосита ба пешрафти зиндагиашон мусоидат менамуд. Инчунин ҳунарҳои қадимии ниёгонамон тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидаанд.

Бояд гуфт, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон пайваста рушд менамоянд. Аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон аз ҷумлаи имтиёзҳое аст, ки натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад.

Ҳамчунин Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 ва қабули «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон замина мегузоранд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АМИТ «Ховар»

Декабрь 14, 2024 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Лӯбиёро то 10 сол нигоҳ доштан мумкин аст
Пиёзро кай ва чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
Кадом маҳсулоти хӯрокаро беш аз як сол метавон захира кард?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Қаланфури тундро бештар барои иштиҳо истеъмол менамоянд
Рӯзи байналмилалии мубориза ба муқобили тӯфонҳои рег ва чанг. Чӣ боис мешавад, ки чангу ғубор ба амал меояд?
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад