Дар Тоҷикистон марҳилаи рамзгузории электронӣ ба воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 27.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январи соли 2025 дар ҷумҳурӣ марҳилаи рамзгузории электронӣ ба воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгиркунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо» оғоз мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин замина масъулини Хадамоти гумруки Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро дар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ баргузор намуданд. Вохӯриҳо дар дидбонгоҳҳои барасмиятдарории молҳои зераксизӣ, дидбонгоҳи гумрукӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, дидбонгоҳи гумрукӣ дар шаҳри Хуҷанд, Терминали Хуҷанд, дидбонгоҳи гумрукӣ дар шаҳри Истаравшан ва инчунин дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳри Турсунзода ва «Терминали Дӯстӣ» бо иштироки масъулини шуъбаҳои функсионалии раёсат ва намояндагони ширкатҳои воридкунандаи воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ баргузор гардиданд.
Зимни вохӯриҳо ба иштирокчиён талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оғози марҳилаи рамзгузории электронӣ аз 1 январи соли 2025 фаҳмонида шуда, машваратҳо барои ҳамкорӣ бо оператори расмӣ – ҶДММ «Технология Групп» ва бастани шартномаҳо барои гирифтани рамзҳои электронӣ пешниҳод шуданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо байни масъулини мақомоти гумрук ва ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ саволу ҷавоб оид ба ҷанбаҳои техникии татбиқи рамзгузории электронӣ баргузор гардид. Ҳамзамон масъалаи риояи талаботи амалкунанда вобаста ба рамзгузории электронии маҳсулоти тамоку, машрубот ва дигар молҳои зери назорат қарордошта таҳлил ва баррасӣ шуд.
Инчунин барои ба кормандон омӯзонидани истифодаи низоми рамзгузории электронии мол чанде пеш аз ҷониби масъулини ҶДММ «Технология Групп» ба таври маҷозӣ рунамо ва видеомавод пешниҳод гардид.
Ба иштирокчиёне, ки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебаранд, таъкид карда шуд, ки то оғози марҳилаи рамзгузории электронӣ аз 1 январи соли 2025 онҳо бояд бо ҶДММ «Технология Групп» барои гирифтани QR-рамзҳо шартнома баста, тамоми талаботи марбутаи қарорро риоя намоянд.
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама иштирокчиёни раванди воридот тавсия медиҳад, ки ба татбиқи пурраи рамзгузории электронӣ омода шуда, дар ҳамкорӣ бо операторони расмӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






