Давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват шуданд

Декабрь 18, 2024 09:48

ДУШАНБЕ, 18.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар  нишасти 7-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ҳозиринро барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни нишаст Сироҷиддин Муҳриддин изҳор намуд, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  дар ҳолати андешидани тадбирҳои зарурӣ дар раванди табдилдиҳӣ ба созмони байналмилалӣ бобати мубориза бо хатарҳои муҳити зудтағйирёбандаи байналмилалӣ муассиртар хоҳад шуд.

Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро барои иштироки фаъол дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба мавзуи ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар Душанбе доир мегардад, даъват намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 18, 2024 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд