Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 27.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Рӯзона ҳаво 5-10 дараҷа гарм ва шабона 3-1 дараҷа хунук мешавад. Бо сабаби омилҳои номусоиди метеорологӣ, ки боиси ҷамъшавии моддаҳои ифлоскунандаи ҳаво ва мусоидат накардан ба парокандашавии моддаҳои таркиби ҳаво мегарданд, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво боқӣ мемонад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 25-30 дараҷа хунук ва рӯзона 10-15 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






