Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

Декабрь 17, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 17.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1-6 то 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 1+6 дараҷа гарм то 1-6 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 21-26 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5-10 то 10-15 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб  бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2+7 дараҷа гарм то 2-7 дараҷа хунук,  рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона  1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 17, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ИНТЕРНЕТИ ХОНАГӢ. Тамоми сол бе нигаронӣ ва бидуни пардохтҳои ҳармоҳа!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
IRS: Дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ баландии барф то 15 сантиметр мерасад
Дар «Саноатсодиротбонк» ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон U-17-ро дар чемпионати ҷаҳон – 2025 дар Қатар дастгирӣ намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад