ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад

Декабрь 4, 2024 15:38

ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 4 декабр дар ҷаҳон тибқи қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии бонкҳо муқаррар шудааст. Мақсад аз он инъикоси нақши низоми бонкӣ дар татбиқи Барномаи Рушди Устувор барои то соли 2030 маҳсуб мешавад. Созмони Милали Муттаҳид бо таъсиси ин рӯз саҳми бонкҳоро дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум нишон медиҳад.

Дар робита ба ин сана нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат шарҳ дода мешавад.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба яке аз ниҳодҳои калидӣ табдил ёфт, ки дар таъмин ва рушди устувори иқтисоди миллӣ нақши муҳим дорад. Тасдиқи ин нуктаро метавон бо якчанд ҷанбае, ки муҳиммият ва аҳамияти Бонки миллии Тоҷикистонро дар ин самт нишон медиҳанд, иброз намуд.

Ташаккули сиёсати пулию қарзӣ

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ Бонки миллии Тоҷикистон ваколатҳои васеъ оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзиро ба зимма гирифт. Ин ба Бонки миллии Тоҷикистон имкон дод, ки сиёсати тағйирпазирии пулию қарзиро, ки ба шароити тағйирёбанда мутобиқ карда шудааст, бунёд намояд.

Бо мақсади такмил ва мутобиқ сохтани механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ амалиёти кӯтоҳмуҳлати бозтамвил (қарзи рӯзона «интрадей», қарзи шабонарӯзӣ «овернайт» ва қарзҳо тариқи музоядаи қарзӣ) ва амалиёти кӯтоҳмуҳлати амонатӣ (амонати шабонарӯзӣ «овернайт» ва музоядаи амонатӣ) ба роҳ монда шуд.

Инчунин раванди ислоҳоти марҳила ба марҳила таъмин намудани фазои мусоид ва заминаи устувор барои гузариш ба реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ – ҳадафгирии таваррум аз соли 2017 оғоз гардид. Аз нигоҳи иқтисоди миллӣ ва танзими муносибатҳои макроиқтисодӣ чораҳои амалигардида имкон фароҳам оварданд, ки вазифа ва ҳуқуқу ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон пурра ва сифатан беҳтар шуда, таъсирбахшии онҳо ба таносуби сиёсати пулию қарзӣ ва андозию буҷетии мамлакат амиқтар ва самараноктар гардад.

Рушди низоми бонкӣ

Бонки миллии Тоҷикистон ба рушди низоми бонкӣ тавассути фароҳам овардани шароит барои шаффофият ва самаранокии фаъолияти он, таҳкими низоми молиявии мамлакат ва баланд бардоштани дастрасии хизматрасонии молиявӣ барои аҳолӣ мусоидат намуд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси ҳамкорӣ ва машваратҳои судманд бо ташкилоти бонуфузи молиявии байналмилалӣ дар мамлакат зина ба зина заминаи боэътимоди қонунгузории низоми бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин соҳаро ба вуҷуд овард. Бо фароҳам омадани заминаи ҳуқуқӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар низоми муомилоти пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани усулҳои муосири бонкдорӣ оғоз кард, ки ин иқдом эътимоди аҳолиро ба низоми бонкии мамлакат афзун намуд.

Бо назардошти такмили низоми бонкии мамлакат ислоҳоти он мунтазам идома дошта, солҳои охир шакл ва намудеро касб намуд, ки мақсаду натиҷаи он таҳия ва қабули заминаи меъёрию ҳуқуқие аст, ки ба талаботи муосир мутобиқ ва ҷавобгӯ бошад.

Бо ин мақсад барои мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба талабот ва тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) Бонки миллии Тоҷикистон ба шумораи зиёди санади меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки сабаби сифатан тағйир додани он гардида, асос ва заминаҳои ҷадиди танзими соҳаро ба вуҷуд оварданд.

 Идоракунии захираҳои асъорӣ ва татбиқи сиёсати самараноки асъорӣ

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои зиёди асъориро ташаккул дод, ки он имкон медиҳад дар таҳкими қурби пули миллӣ фаъолона иштирок намуда, устувории робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакат таъмин гардад.

Дар ин давра гузариш ба идорасозии гуногуншаклии модели стратегии ҷойгиркунии захираҳои байналмилалӣ анҷом дода шуда, Бонки миллии Тоҷикистон ба узвияти барномаи Бонки ҷаҳонӣ- Барномаи машваратӣ ва идоракунии захираҳо пазируфта шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун иштирокдори аввалини васеи бозори филизоти қиматбаҳои Тоҷикистон Тартиби эмиссияи (барориши) сабикаҳои ченакии тилло ва нуқра ва гузаронидани амалиёт бо онҳоро таҳия ва қабул намуд. Бори нахуст қоидаҳои барориш ва гардиши сабикаҳои ченакии тилло ва нуқра ва гузаронидани амалиёт бо онҳо муайян карда шуд. Сабикаҳои ченакӣ дар борҷомаи махсуси муҳофизатшаванда дар корхонаҳои софкорӣ, ки дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори филизоти қиматбаҳои Лондон ва сифати байналмилалии «good delievery» (таҳвили бамавқеъ) мебошанд, тайёр карда мешаванд. Ин сабикаҳои ченакӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бе маҳдудият бо пули миллӣ фурӯхта мешаванд.

Яке аз самтҳои фаъолияти муҳим ва ҳассос- ин таъмини муътадилии бозори асъор мебошад, ки фаврият ва муносибати  махсуси Бонки миллии Тоҷикистонро дар танзими он талаб менамояд. Бо мақсади муътадил нигоҳ доштани қурби расмии пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ реҷаи қурбии Бонки миллии Тоҷикистон- «шинокунандаи танзимшаванда» ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади гузаронидани ислоҳот дар ин самт нуқтаҳои мубодилаи асъор фавран барҳам дода шуданд, ки ин ба шаффоф намудани бозори асъор, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, аз байн бурдани ҳаннотон дар бозори ғайрирасмӣ, пешгӯишаванда шудани бозори асъор ва ҷалби бештари асъори хориҷӣ ба низоми бонкӣ мусоидат намуд. Муттаҳидсозии хизматрасонии амалиёти мубодилавӣ бо асъори нақди хориҷӣ танҳо дар хазинаҳои амалиётии марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиал ва саридораи Ташкилоти қарзӣ ба роҳ монда шуд, ки ин амал таҷрибаи муваффақ арзёбӣ гардида, аз ҷониби баъзе кишварҳо мавриди истифода қарор гирифт.

Таъмини суботи молиявӣ

Бонки миллии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодиро назорат намуда, барои таъмини субот ва устувории иқтисоди миллӣ тадбирҳо меандешад.

Бо назардошти муҳиммияти ин самти фаъолият Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгари низоми бонкии мамлакат дар ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат нақши арзанда дошта, дар ин замина бо созмонҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии рушд ва ғайра ҳамкории судманд менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари бонкҳои марказии кишварҳои дигар бо дарки муҳиммияти  масъалаи таъмини суботи молиявии низоми бонкӣ, ки яке аз омилҳои асосии мусоидаткунандаи рушди иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад, ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Вобаста ба ин Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо коршиносони байналмилалӣ ва бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар ин самт мунтазам ислоҳоти заруриро амалӣ намуд. Мақсад аз онҳо афзоиши устувории молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ, баҳогузорӣ ва коҳиш додани хавфҳои низом, инчунин татбиқи дуруст ва таъсирбахши сиёсати макропруденсиалӣ мебошад. 

Навоварӣ ва рушди инфрасохтори хизматрасонии молиявӣ

Бонки миллии Тоҷикистон ба рушди низоми молиявию бонкӣ, ҷорӣ намудани воситаҳо ва технологияҳои нави хизматрасонии молиявӣ барои рушди иқтисодӣ ва рақобатпазирии мамлакат  фаъолона мусоидат менамояд.

Бо мақсади ҷорӣ намудани маҳсулоти муосири бонкӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии бонкӣ дар мамлакат низоми интернет-банкинг ва мобайл-банкинг татбиқ гардида, бо истифода аз онҳо муштариён амалиёти пардохтии дохилӣ ва фаромарзиро анҷом медиҳанд.

Дар баробари татбиқи раванди ислоҳоти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ  таҳия, кабул ва фаъол гардонидани  низоми электронии пардохт, кортҳои пардохтии бонкӣ ва банкоматҳо аз он дарак медиҳанд, ки фаъолияти бонкҳо ва эътимоднокии низоми бонкии мамлакат рӯ ба инкишоф ниҳода, дар сиёсати иқтисодии давлат таъсиргузор ва ҳадафманд мебошанд.

Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон  барои ба талаботи муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори низоми пардохт саъю кӯшиш намуда, афзоиш додани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва истифодаи воситаҳои муосири электронии пардохтро ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ, фароҳам овардани имконияти ба таври ғайринақдӣ пардохт кардани ҳаққи ҳама намудҳои хизматрасонии давлатӣ, аз ҷумла пардохти андоз, ҷарима, ҷаримаи аҳдшиканӣ (пеня), боҷу хироҷ ва дигар пардохтҳои давлатиро бо истифодаи воситаҳои электронии пардохт ба аҳолии мамлакат таъмин менамояд.

Баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, афзун намудани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ, пешкаш намудани маҳсулоти бонкии муосир ба муштариён аз масъалаҳои пураҳаммияти шароити муосир маҳсуб мегарданд. Рушди босуръати воқеии иқтисодиёти мамлакат солҳои охир нишони он аст, ки талабот ба зиёдшавии пешниҳоди қарз аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ самаранок қонеъ карда шуда, ҳаҷми гардиши молҳо, истеҳсолот, истеъмолот, сохтмон, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми иқтисодиёт аз хизматрасонии низоми бонкӣ, махсусан бахши хусусӣ ба таври муассир истифода мебаранд.

Бо назардошти ин метавон гуфт, ки нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини устувории иқтисоди миллӣ ва низоми молиявии мамлакат назаррас арзёбӣ гардида, дар таъмини суботи иқтисоди миллӣ, иҷрои доираи васеи вазифаҳое, ки ба ҳифзи суботи макроиқтисодӣ ва рушди устувори мамлакат нигаронида шудаанд, аҳаммияти муҳим дорад.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 4, 2024 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе якумин «Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)» баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд
Байни Тоҷикистон ва Миср Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар масъалаҳои гумрукӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Миср доир гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDDEF-Dubai 2024» Павилиони миллии Тоҷикистон ташкил шудааст
Дар Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1025 то 0.1050 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Созишномаи молиявӣ оид ба гузариши «сабз» тавассути таъсиси занҷираи арзиши иловашудаи пахта ба имзо расид
Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот дар ҷойи сеюм қарор дод
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад