ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
ДУШАНБЕ, 03.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон эълон гардидааст. Ҳадаф аз таъсиси ин сана ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти онҳо мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз соли 1993 ин рӯзро таҷлил менамояд. Ҳамчунин дар мамлакат санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳо, аз ҷумла «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» амал менамояд.
Дар ин замина имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ баргузор гардид.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди устувори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, таъмини суботи иҷтимоӣ ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ин стратегия бо назардошти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардида, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 15 соли оянда муайян менамояд.
Дар доираи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» агар соли 2022 андозаи кумакпулӣ 512 сомониро ташкил медод, пас соли 2025 андозаи он то 1406 сомонӣ баланд бардошта мешавад.
Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат аз расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба қишри осебпазири мамлакат мусоидат намудан ба коҳиши вазъияти душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷ пасттар мебошад, ҳамзамон муҳайё намудани шароите, ки ба ин гурӯҳи ҷомеа имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад, ба шумор меравад.
Низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб мешавад.
Бояд гуфт, ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои маъюбон дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шуда, сол то сол шароити иқтисодию иҷтимоии онҳо беҳтар мегардад.
Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда андешида мешаванд.
Шахсони маъюб дар ҷумҳурии мо аз тамоми ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию маданӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, бархурдор мебошанд.
Сарвари давлат ҳамеша нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд. Тавре Пешвои миллат таъкид менамоянд, «…мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббии иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳама тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамоем».
«Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» амалӣ гардида, дар асоси он аз ҳисоби тавонбахшӣ ҳамасола аз шумораи умумии маъюбони сабти ном нашуда аз 7 то 8 ҳазор аз рӯйхат бароварда мешаванд. Яъне саломатии онҳо барқарор гардида, дигар маъюб ҳисобида намешаванд.
Давоми чанд соли охир дар Тоҷикистон фоизи нишондиҳандаи маъюбӣ паст фароварда шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти давлатии экспертизаи тиббии иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии ҷумҳурӣ, дар мамлакат ба ҳолати 1 октябр соли равон 167 ҳазору 166 нафар маъюб ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷониби мутахассисони Хадамоти давлатии экспертизаи тиббии иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ вобаста ба соҳаи бемории одамон экспертизаи тиббӣ гузаронида шуда, гурӯҳи маъюбии онҳо муайян карда мешавад.
Агар қобилият аз рӯи гурӯҳбандӣ бо фоиз муайян шавад, ба онҳое, ки то 25 фоизи қобилиятнокиашонро гум намудаанд, маъюбӣ дода намешавад. Ба шахсоне, ки аз 25 то 50%-и қобилияташонро гум намудаанд, маъюбияти гурӯҳи III, аз 50 то 75 фоизро гум намуда бошанд, маъюбияти гурӯҳи II ва нафароне, ки аз 75 то 95 — 100 фоизи қобилиятнокиашонро аз даст додаанд, маъюбияти гурӯҳи I дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи собиқадорон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, инчунин ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат, ба монанди «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд барномаҳои давлатию соҳавӣ амалӣ мешавад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ЧИСТ ПАРЧАМ? ИҚТИДОРИ МИЛЛАТ АСТ! Ба Рӯзи Парчами давлатӣ бахшида мешавад
Аҳамияти ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар самти таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши забони олмонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон 15 телевизиони давлатӣ фаъолият менамояд
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Масъалаи дастгирии соҳибкории хурду миёна дар бахшҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо баррасӣ карда шуд
Бонувони Академияи миллии илмҳо бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон иқдоми тарғиботӣ гузарониданд
Парчам- рамзи ифтихор, пояи давлатдорӣ ва оинаи ҳувияти миллӣ
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ИСТИҚЛОЛ. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор ҳунармандон фаъолият менамоянд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт табақаи ниёзманд дастгирӣ меёбад






