ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ. Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ доир гардид

Декабрь 15, 2024 09:30

ДУШАНБЕ, 15.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ҳизби ормонҳои халқ» ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ  баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада хабар доданд, дар ҳамоиш ректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд Саидмаҳмуд Саидзода иброз намуд, ки дар афзун гардидани дастовардҳои соҳаҳои гуногун ва тарғибу ташвиқи идеяҳои ватандӯстӣ дар мамлакат саҳми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  назаррас мебошад. Давоми 30 соли фаъолият Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳо намудани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, таъмини амният ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию давлатӣ саҳми бориз дорад.

Иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба майдони сиёсат омад ва тавонист худро бо идеяҳои созандаю бунёдкорона ва ватандӯстонаю ватанпарварона ба мардум ба таври арзанда муаррифӣ намояд.

АКС: Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 

Декабрь 15, 2024 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд