Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд

Декабрь 9, 2024 13:01

ДУШАНБЕ, 09.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр иди касбӣ-Рӯзи геологҳои Тоҷикистон мебошад. Геология, ки яке аз соҳаҳои муҳими мамлакат ба ҳисоб меравад, давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Бахшида ба ин сана Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ чунин гуфт:

— 93 дарсади масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки  ин ба рушди соҳаҳои кӯҳкорию металлургия мусоидат карда, аз ҷониби дигар, шавқи ҷавононро ба ин самт афзун менамояд.

Дар ҷумҳурӣ кӯҳкорӣ аз соҳаҳое мебошад, ки бо ҷуғрофиёи мавҷуда ва мутобиқ аксар ҷавононро водор месозад, то дар роҳи омӯзиши он гом бардоранд.

Ҳамин аст, ки аксар геологҳо зимни посух додан ба суоли геология чист, мегӯянд, ки «геология ин тарзи зиндагӣ аст». Воқеан ҳам чунин аст, зеро геологияро инсонҳо на ҳамчун пеша интихоб менамоянд, балки ҳамчун шуғли дӯстдошта ба он мепайванданд ва ин муҳаббат аст. Муҳаббате, ки инсонро ба омӯзиши қаъри замин ва таркиби Офтоб ва Моҳ мебарад.

Рушди илмҳои гуногуни соҳа, пешрафти ин ё он соҳа, пажуҳиши олимон ё аҷдодони мо дар ин ё он самт  моро аз пешрафтатарин миллатҳои ҷаҳон нишон медиҳад ва ҳама он асноди таърихӣ далел мешаванд, ки барои ҳамеша аз бузургию тоҷикият бигӯем ва бо он ифтихор намоем. Заминро аввалин маротиба киҳо омӯхтанд ва ба хурофоту пешгӯиҳои адёнӣ киҳо бо овардани далоили илмӣ нукта гузоштанд? Албатта, фарзандони барӯманди тоҷик, олимон, бузургони гузаштаи мо, ки имрӯз ҷаҳониён бо он мефахранд ва барои идомаи пажуҳишҳои илмӣ аз он ба таври фаровон истифода менамоянд. Боиси хушнудӣ аст, ки  бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва ғамхорию талошҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аксар соҳаҳо рушду тараққӣ намудаанд, ки инро метавон як навъ давраи расидан ба ормонҳои дерини миллӣ  номид.

Геология дар замонҳои қадим низ дар сарзамини тоҷикон шуҳрат дошт ва олимони бузурги мо роҷеъ ба ин соҳа асарҳои зиёде офаридаанд, аммо суоле ин ҷо матраҳ мешавад, ки оё насли ҷавони мо аз ин маълумот огоҳ аст? Оё насли ҷавон медонад, ки гузаштагони мо аз замонҳои қадим ба иктишоф, ҷустуҷӯ ва гудозиши маъдан ва истихроҷ машғул буданд?

Воқеан ҳам адабиёти зиёде ҳаст, ки ҳамчун илм ва тахассус мавҷуд будани геология ва геологҳоро дар сарзамини мо исбот менамоянд. Дар натиҷаи таҳқиқоти навтарини археологӣ ва геологӣ авзои ҳақиқии кӯҳкории асрҳои IХ-Х қариб пурра омӯхта шудааст. Маъданшиносону кӯҳкорони тоҷик соҳиби таҷрибаи бойи чандинасра буданд. Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳон Берунӣ донишмандони маъруф ва асосгузорони илми минералогия буданд. Онҳо хосияти минералҳоро омӯхта, сахтӣ, зичӣ, таркиб ва минералҳои ҳамроҳи онҳоро шарҳ додаанд. Дар хусуси конҳо ва минералҳои он, тасниф ва гурӯҳбандии онҳо асарҳо нашр карда буданд, ки бо омӯхтани онҳо аҷдодони мо дар шароити вазнини пешин конҳои минералҳоеро кафш кардаанд, ки имрӯз геологҳо ба онҳо баҳои баланд дода, дар пайдо ва коркарди онҳо ангушти ҳайрат мегазанд. Гузаштагони мо якчанд минералҳоро ба таври худ ёфта, номгузорӣ кардаанд, ки «заргун» яке аз онҳо аст – он ҳоло бо номи «сиркон» машҳур аст, ки асоситарин минерал барои муайянкунии синну соли геологӣ ба ҳисоб меравад.

Аҳли адаб ва шуаро  низ дар навбати худ бетараф набуданд ва дар ин раванд саҳм мегузоштанд. Дар шеърҳои шоирони мо дар васфи сангҳои киматбаҳо, аз қабили ақиқ, лаъли Бадахшон, ёқут, марворид, фирӯза, лоҷувард ва ғайра байтҳои зиёде гуфта шудаанд, ки ба таври дигар гӯем, он тарғиби олиҷаноб ва ҳуҷҷати таърихӣ ба ҳисоб меравад. Мисол, Литвинов менависад, ки тоҷикон сангҳои сунъӣ – синтетикӣ сохтанро хеле барвақт ёд гирифта буданд, дар ҳоле, ки ин ҳунар фақат дар асри ХIХ аз тарафи олимони Аврупо кашф ва истифода шудааст.

Барои насли ҷавони тоҷик имрӯз зарур аст, ки бо андӯхтани илмҳои замон ва истифода аз таҷрибаю иттилооти геологӣ дар саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ саҳм гузорад. Имрӯз геология яке аз серхаридортарин касб буда, маоши геологҳо дар бозори ҷаҳонии меҳнат хеле баланд арзёбӣ мегардад.  Чунки маҳз геологҳо дар шароити гуногун  фаъолият намуда, на ба сардӣ нигоҳ мекунанду на ба гармӣ. Онҳо танҳо барои пешрафт ва натиҷаи мусбат гирифтан амал менамоянд. Геологҳо ояндаи замин ва вазъи қишрҳоро пешгӯӣ карда, барои садсолаҳо барномарезӣ мекунанд, ки ин ба мавҷудияти башарият ва барномасозии он мусоидат менамояд. Кашф намудани конҳо, канданиҳои фоиданок, маъданҳо, сангҳои қиматбаҳо, обҳои зеризаминӣ ва умумияти зиёде, ки ба заминшиносӣ ва замин марбут ҳастанд, натиҷаи кори геологҳо мебошанд.

Нақши олимони тоҷик дар баробари олимон ва пажуҳишгарони ҷаҳонӣ  низ хеле назаррас мебошад ва олимони мо ҳам фаъолияти назаррас доранд. Аз ҷумла, геологҳои маъруф  С.Юсупова, Р. Баротов, М.Ҷалилов, А.Файзиев, С.Бобохоҷаев, Ф.Ҳакимов, Х. Юсупов, М.Ҳамидов, М.Акрамов, В.Дустматов, А.Қориев, Х. Тоҷиддинов, Г.Очилов, Ғ.Тоҷибоев, С.Алиев, Х.Назаров ва дигарон дар пешрафти соҳа саҳми беназир гузоштаанд.

Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ ташкил ва рӯ ба инкишоф ниҳод. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ сурб, руҳ, тилло, нуқра, мис, қалъагӣ, сурма, симоб, флорит, булӯри кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо, ба мисли лаъл, лоҷувард, фирӯза ва ғайра, ҳамзамон намаксанг, масолеҳи сохтмонӣ, ангишт, нафт, гази табиӣ, обҳои маъданӣ ва ҳоказо истеҳсол мешаванд, ки ба манфиати хоҷагии мамлакат ва пур шудани қисми буҷети ҷумҳурӣ равона шудаанд.

Бо сабаби дар ҷаҳони муосир бошиддат истифода бурдани захираҳои ашёи хом ва дар натиҷаи тақсими нобаробари талаботи доимафзояндаи саноат ба ин захираҳо мушкилиҳои зиёде байни ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо шудаанд.

Ҳоло дар тамоми мамолики ҷаҳон кофтукови геологӣ ва таҳқиқоти нави ҷустуҷӯии захираҳои минералию хомро ба тариқи васеъ анҷом додан аҳамияти калон дорад ва бо истифода аз технологияи муосир метавон дар ин самт ба натиҷаҳои назарраст даст ёфт.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз 800 кон ва  зуҳурот кашф ва омӯхта шудаанд, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд.

Дар айни замон ҳамагӣ 27 фоизи ин захираҳо истихроҷ ва коркард шуда истодаанд, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест.

Барои рушди саноати маъдан ва дигар соҳаҳои саноати коркард соли 2021  «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021 – 2030» қабул гардид.

Яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодиёт ва саноати мамлакатро истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ ба манфиати хоҷагии халқи мамлакат, баланд бардоштани вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ ва некуаҳволии мардум ташкил медиҳад. Ин аст, ки Президенти Тоҷикистон дар ҳар суханронӣ сифатан истеҳсолу истеъмол кардани маъданҳои нодир ва канданиҳои фоиданоки ҷумҳуриро ҳамеша ёдовар мешаванд.

Доир ба рушди геология ва манфиати он барои ҷомеа ва имконияти мавҷудаи мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо чунин гуфта буданд: «Тоҷикистон сарзамини пур аз ганҷу сарватҳои табииву зеризаминӣ мебошад. Аммо ин боигарӣ то ҳанӯз кам омӯхта шудааст ва барои истихроҷу коркарди он ба кадрҳои баландихтисос ниёз дорад».

 

Воқеан ҳам имконияти Тоҷикистон хеле зиёд аст ва ҳамаи он бояд омӯхта шавад. Зеро маҳз натиҷаи кори геологҳо метавонад дар рушди дигар соҳаҳо саҳм гузорад.

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои рушди геология тадбирҳо андешида шуда, ҳамасола бахшида ба Рӯзи геология конференсияи байналмилалӣ гузаронида мешавад. Дар он олимон ва пажуҳишгарони соҳа аз тамоми гӯшаю канори олам барои рушди илми геология ибрози андеша менамоянд.

Ин майдони хуби илмӣ барои олимони ин соҳа мебошад, ки ҷавонон ҳам метавонанд аз он баҳра бардоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 9, 2024 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи илмҳои кишоварзӣ масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос баррасӣ шуд
Дар Хатлон оид ба иҷрои дурнамои кишти зироати кишоварзӣ барои соли 2025 машварат баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресс ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд
Нақшаи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 -2028» муаррифӣ гардид
Лоиҳаи Кодекси энергетикии Тоҷикистон таҳия мешавад
Масъалаи ҳамкории бонкҳои Тоҷикистон бо «Машриқ Бонк» муҳокима гардид
Ҷаласаи якуми Шурои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ доир гардид
Дар Бонки миллӣ лоиҳаи пилотӣ оид ба барориши вомбаргҳо барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ муҳокима шуд
Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ТУРСУНЗОДА-ШАҲР ДАР ҲОЛИ РУШД. Пешниҳоди сафардидаҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри саноатии Тоҷикистон
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
Бонки Авруосиёии Рушд маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии Тоҷикистон зиёд мекунад