Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Ин лоиҳа бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешқадами ҷаҳон ва таърихи педагогикаи ғании халқи тоҷик таҳия гардида, муқарраркунандаи шакли таҳсилоти миллӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа иброз намуд, ки сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, мафкуравӣ ва ҳуқуқӣ ва бо назардошти ҳамоҳангсозӣ ва мутобиқкунии қонунгузории мамлакат бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.
Барои дар амал татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла «Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028», «Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026» Вазорати маориф ва илм муваззаф гардидааст, ки лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи ислоҳоти сиёсати ҳуқуқии мамлакат таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Ҳамчунин изҳори умед карда шуд, ки бо қабули Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳама навгонию ислоҳоти дар меъёрҳояш муқарраршуда соҳаи маорифи мамлакат ба сӯйи рушд ва тараққиёт қадамҳои устувор мегузорад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






