Маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд

Декабрь 28, 2024 11:16

ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб 2 баробар зиёд мебошад. Дар ин давра  дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шудааст. Танҳо соли 2024 дар мамлакат 740 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш дар маҷмуъ қариб 20 ҳазор ҷойи кор ташкил карда шудааст. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён намуданд.

Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, «суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо назардошти имконияту иқтидори мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат ҳанӯз нокифоя аст».

Ба таъкиди Пешвои миллат, ҳоло аз рӯи барнома ҳар сол ба ҳисоби миёна то 20 фоиз афзоишро бояд таъмин намоем.

Аз ин лиҳоз Роҳбари давлат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш додаанд, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид бобати рушди истеҳсолоти саноатӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Декабрь 28, 2024 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд