Муносибатҳои Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои мухталиф густариш меёбанд

Декабрь 14, 2024 12:04

ДУШАНБЕ, 14.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар шаҳри Исломобод мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон  Далер Ҷумъа баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо аҳамияти густариши бештари муносибатҳоро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика ва маориф таъкид намуданд.

Зимнан, зарурати татбиқи саривақтии лоиҳаи CASA-1000, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошад, муҳим арзёбӣ гардид.

Шаҳбоз Шариф аз пешрафтҳо дар ҳамкории дуҷонибаи ҷумҳуриҳо дар бахшҳои гуногун дар доираи Комиссияи муштарак изҳори қаноатмандӣ намуд.

Сарвазири Покистон аз ёддоштҳои тафоҳум ва созишномаҳои баимзорасида изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки татбиқи саривақтии ин санадҳо ба таҳкими бештари равобити дуҷониба мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрӣ дар ҳошияи ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор шуд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 14, 2024 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд