Ғолибони даври ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ шуданд

Декабрь 9, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 09.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ғолибони даври ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  қадрдонӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Аюб Усмонзода ба ғолибон, иштирокчиён ва роҳбарони онҳо дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулии раёсати донишгоҳро супорид.

Дар маҷмуъ 42 нафар, аз ҷумла ғолибон ва роҳбарони онҳо бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми аз 500 сомонӣ то 4 ҳазор сомонӣ ва иштирокчиёни фаъол бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 6 ҷойи намоён ва 7 ҷойи ифтихорӣ ва дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» 4 ҷойи намоён ва 3 ҷойи ифтихориро соҳиб шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Декабрь 9, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид