Партитураи Суруди Созмони ҳамкории Шанхай ба Котиботи СҲШ дар Пекин тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр партитураи* Суруди Созмони ҳамкории Шанхай ба Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин тақдим гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пешниҳод оид ба қабули Суруди Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо додааст. Суруд бо Қарори Шурои сарони давлатҳо таъсис ёфта, нахуст 17 сентябри соли 2021 зимни Саммити ҷашнии 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе садо дод. Муаллифи суруд Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мусозода мебошад.
Дар ҳошияи маросим мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин доир гардид, ки дар он ба китобхонаи Котибот китобҳои «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, «Дипломатияи оби Эмомалӣ Раҳмон: аз қадамҳои аввал то шарокати глобалӣ»-и Сироҷиддин Муҳриддин ва «Ҷаҳони гулдӯзии тоҷикӣ» тақдим шуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
______________
* Партитура (аз калимаи итолиёии partitura)- ин навиштаи мусиқӣ аст, ки тамоми овозҳо ё асбобҳои як асари мусиқиро дар якҷоягӣ нишон медиҳад. Он барои роҳнамоии дирижёр ё роҳбарони ансамблҳои мусиқӣ истифода мешавад. Ҳар сатри партитура ба овоз ё асбоби муайян тааллуқ дорад ва ҳамаи онҳо ҳамзамон нишон дода мешаванд, то иҷрои якҷояро осон кунанд.
Дар мусиқӣ партитура ҳамчун як намуди “худкитоби роҳнамо” барои асарҳои калони оркестрӣ, хор ё ансамблӣ истифода мешавад.












Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






