«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид

Декабрь 18, 2024 10:20

ДУШАНБЕ, 18.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе» байни кӯдакони ятим  озмуни «Пешвои ман-ифтихори ман» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузор намудани озмун таҳкими ҳисси ватанпарастӣ, садоқат ба Пешвои миллат, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ҳавасманд намудани онҳо ба омӯзиши фанҳои таълимӣ мебошад.

Озмуни «Пешвои ман-ифтихори ман» аз рӯйи се бахш дар се гурӯҳи синфҳо идома дорад:

— «Расми беҳтарин» дар мавзуи «Истиқлолият аз нигоҳи ман» байни хонандагони синфҳои 1-4;

— «Риёзидони беҳтарин» байни хонандагони синфҳои 5-8;

— «Ҳуқуқдони беҳтарин» байни хонандагони синфҳои 9-11.

Озмун 19 декабр ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо Диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Бояд таъкид намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон мавқеи меҳварӣ дорад. Ин гурӯҳи аҳолӣ таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳукумати мамлакат тарбияи насли наврас ва ниёзмандонро ҳамеша дар мадди назар қарор дода, онҳоро то ба ҳаёти мустақилона гусел намудан нигоҳубин менамояд. Дар мамлакат барои зисту таҳсил ва илму касбомӯзии онҳо тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Декабрь 18, 2024 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад