Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ноиби президенти Донишгоҳи Акита мулоқот намуд

Декабрь 5, 2024 14:40

ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр дар шаҳри Акитаи Ҷопон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва ноиби президенти Донишгоҳи Акита Такеши Гото мулоқоти судманд анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд.

Зимни мулоқот ба масъалаҳои гузаронидани машваратҳо, конфронс ва симпозиумҳои сатҳи байналмилалӣ байни олимони Тоҷикистон ва Ҷопон, дастгирии олимони ҷавон, амалӣ намудани барномаҳои грантӣ барои аспирантон ва муҳаққиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои дар оянда густариш додани ҳамкорӣ дар самтҳои таҳқиқоти захираҳои табиӣ, энергетика, геология, истихроҷи маъдан, ҷустуҷӯи муштараки конҳои канданиҳои фоиданок, захираҳои об ва гидроэнергетика, таҳқиқот оид ба таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон, лоиҳаҳо оид ба беҳтар намудани идоракунии об ва рушди технологияҳои устувори гидроэнергетикаро баррасӣ намуданд.

Иброз шуд, ки имрӯз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон дар доираи барномаҳои илмию таълимӣ, ки ба ҳалли мушкилоти глобалӣ ва минтақавӣ нигаронида шудаанд, фаъолона ҳамкорӣ менамоянд. Яке аз самтҳои дигари ҳамкорӣ байни академия ва донишгоҳ интиқоли технологияи инноватсионӣ мебошад.

Бо боварӣ гуфта шуд, ки дар оянда ҳамкорӣ дар ин самт густариш ёфта, бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи Акита муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимон ва муҳаққиқони ҷавон бо технологияҳои наву замонавӣ таъмин карда мешаванд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 5, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд