Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
ДУШАНБЕ, 19.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар мулоқот намуд.
Дар мулоқот вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб, ки дар доираи эҳтироми тарафайн амалӣ мегарданд, ибрози назар карда шуд. Ба имзо расонидани созишнома ба маблағи 100 млн. доллари амрикоӣ барои сохтмони Неругоҳи барқии обии Роғун самтҳои муҳими ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мебошад.
Иштироки бештари сармояи кувайти дар тадбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ дар самти энергияи «сабз», бахусус гидроэнергетика ва сохтмони хатҳои интиқоли барқ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба афзоиши маблағгузории Фонд барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, бахусус дар соҳаҳои нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон табодули афкор карда шуд.









Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






