СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд

Декабрь 20, 2024 10:22

ДУШАНБЕ, 20.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр бахшида ба Соли маърифати экологӣ эълон гардидани соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Тавре дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиш бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ шудани ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ баргузор гардид.

Соли маърифати экологӣ эълон гардидани соли 2024 дар шаҳри Душанбе муҳим ва саривақтӣ буда, ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, аз маърифати экологӣ бархурдор шудани аҳолӣ, дар руҳияи маърифати экологӣ таълиму тарбия додани шаҳрвандон, хусусан наврасону ҷавонон, дӯст доштани табиат ва дар маҷмуъ боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу хушнамо гардидани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе мусоидат намуд.

Таъкид гардид, ки маърифати экологӣ омили асосии рушди иқтисодӣ дар шароити ташаккулёбии иқтисоди «сабз» мебошад. Истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва технологияҳои экологӣ ба таъсиси ҷойи кори нав ва тавсеаи истеҳсолоти экологӣ заминаи хуб мегузорад.

«Қабул ва татбиқи принсипҳо оид ба арзишҳои маърифати экологӣ имкон медиҳад, ки аз назари қаблӣ нисбат ба табиат ҳамчун манбаи беохир ва бепоён даст кашида шавад ва он ҳамчун сарвати арзишманд, ки муносибати эҳтиёткорона ва ҳифзи доимӣ талаб мекунад, баррасӣ карда шавад»,-таъкид гардид дар ҳамоиш.

Ёдовар мешавем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд намуда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ба «шаҳри сабз» табдил меёбад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Декабрь 20, 2024 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд