ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
27 декабри соли 2008 дар шаҳри Душанбе давраи ҷамъбастии озмуни сарояндагони ҷавони Тоҷикистон «Ориён, Сомониён, Тоҷикистон-2008» баргузор шуд.
***
Соли 2012 дар шаҳри Новосибирск дзюдочии тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи 32-юми анъанавии умумирусиягии «Дӯстии халқҳо» оид ба дзюдо мақоми аввалро касб намуд.
***
27 декабри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати № 1-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба тарбиятгирандагони он туҳфаҳо тақдим намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 ҳикоя-ёддошти рӯзноманигори барҷаста, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Олег Дмитриевич Соболев бо номи «Рӯзҳои муҳосира дар канори Ленинград» аз чоп баромад.
***
27 декабри соли 2016 дар Қасри миллат зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Рустам Азимов оид ба масоили марбут ба вазъи сиёсию низомии минтақа ва ҷаҳон, тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ изҳори назар шуд.
***
27 декабри соли 2017 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид.
***
27 декабри соли 2020 бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматии «Манзили дастрас», воқеъ дар хиёбони Сино, дар шафати Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев мавриди истифода қарор дода шуд.
***
27 декабри соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дастаи мунтахаби Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати нуҳуми ҷаҳон аз намуди пауэрлифтинг (сеҳарба), ки дар шаҳри Москваи Федератсия Русия баргузор шуд, соҳиби ҳашт медали тилло ва як нуқра гардид.
27 ДЕКАБР:
Дар Русия — Рӯзи наҷотдиҳандагон.








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






