Татбиқи самараноки лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо Бонки Осиёии рушд баррасӣ гардид

Декабрь 18, 2024 09:16

ДУШАНБЕ, 18.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Намояндаи навтаъйини Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия.

Файзиддин Қаҳҳорзода аз сатҳи баланди ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии рушд ёдовар шуда, гуфт, ки вазорат омода аст ба тақвияти корҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки давлатӣ мусоидат намояд.

Ҷонибҳо дар мавзуи нақшаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла стратегияи нав барои солҳои 2026-2030 мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон дар самти самаранок татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ таклифҳо манзур карда шуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 18, 2024 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад