Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории гумрукиро тақвият медиҳанд

Декабрь 27, 2024 17:24

ДУШАНБЕ, 27.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Каримзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён тавсеаи ҳамкории ду давлат дар соҳаи гумрук баррасӣ гардид, ,  иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти омори гумрукӣ диққати махсус дода, зарурати мубодилаи маълумоти гумрукиро тибқи Протоколи техникии баимзорасида байни мақомоти гумруки ду давлат таъкид карданд.

Ҳамчунин густариши ҳамкории гумрукӣ дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоягузории дуҷониба низ муҳокима шуданд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳалли мушкилоти мавҷуда метавонад ба рушди ҳамкории устувор ва дарозмуддат мусоидат намояд.

Сафири Эрон оид ба такмили расмиёти гумрукии интиқоли молу воситаҳои нақлиёт байни ду давлат изҳори назар намуд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 27, 2024 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид