Вазорати корҳои дохилӣ: «Ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед»
ДУШАНБЕ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки вақтҳои охир ҳолатҳои афзоиши қаллобӣ бо истифода аз кортҳои бонкӣ мушоҳида мешаванд. Қаллобон пешниҳод мекунанд, ки шумо кортҳои худро барои истифодаи муваққатӣ ба онҳо супоред ва дар иваз пардохти моҳона аз 300 то 500 сомонӣ ваъда мекунанд.
Дар асл қаллобон кортҳои шуморо метавонанд барои амалҳои ғайриқонунӣ истифода баранд, ба монанди шустушӯи маблағҳо, интиқолҳои ғайриқонунӣ ва иштирок дар нақшаи қаллобӣ.
Бояд гуфт, ки тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон додани корт ё маълумоти он ба шахсони сеюм қатъиян манъ аст. Шумо барои ҳама амалиёте, ки бо истифода аз корти бонкиятон анҷом дода мешаванд, ҷавобгар ҳастед.
Ҳамчунин ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, фиребгарон бо баҳонаи пешниҳоди кор метавонанд нусхаи шиноснома, рақами корт ва дигар маълумоти шахсии шуморо талаб кунанд, ки ин баъдан барои фиреб истифода мешавад.
Дар сурати ба доми қаллобон афтидан хатарҳое, ки шуморо интизоранд, аз ҷумла инҳоянд: агар корти шумо барои амалҳои ғайриқонунӣ истифода шавад, шумо шарики ин ҷиноят ҳисобида мешавед; қаллобон метавонанд шуморо аз маблағҳое, ки дар кортатон мавҷуд ҳастанд, маҳрум кунанд; амалиёти шубҳанок боиси басташавии ҳисоби шумо мешаванд.
Дар робита ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе таъкид мекунад, ки ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед, пеш аз фиристодани маълумоти шахсӣ ҳақиқати корфарморо санҷед, агар пешниҳоде дар бораи «иҷораи корт» шавад, фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳед ва амалиётро дар ҳисоби бонкиатон мунтазам санҷед.
Дар ҳолати шубҳа ба шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кунед ё ба рақами боварии милитсия занг занед.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд






