35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ Қасри фарҳанг бунёд карда мешавад

Январь 27, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 27.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Қасри фарҳанг бунёд мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Масоҳати умумии бино 610 метри мураббаъ буда, он аз ду ошёна иборат мебошад. Бинои қаср дорои ҳуҷраҳои барҳавои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои рубобнавозону доиранавозон, шашмақомсароӣ, рассомӣ ва ҳунармандӣ мебошад.

Бинои қаср дар умум аз 19 ҳуҷраи корӣ ва толори намоиш барои 200 ҷойи нишаст иборат мешавад. Дар бино ҳуҷраи сарояндагон, нуқтаи нигоҳдороии либоси ҳунармандон ва ҳуҷраҳои техникӣ бунёд мегарданд.

Корҳои асосӣ дар иншоот ба анҷом расида, дар назар аст, ки он соли равон ба истифода дода шавад.

Ҳамчунин дар ноҳия бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони бинои нави беморхонаи марказӣ идома дорад.

Ин иншоот аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, 250 кат ба нақша гирифта шудааст.

Иншоот бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин шуда, баъди ба истифода додан сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия ба таври назаррас беҳтар мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Январь 27, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат