35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон майдони Парчами давлатӣ бунёд мегардад

Январь 25, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон майдони Парчами давлатӣ бунёд мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот маълумот дода шуд, ки дар маркази шаҳрак бо ташаббус ва саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳи Гулистон бунёди майдони Парчам ва боғи истироҳатию фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сутунпояи парчам 30 метр буда, майдон бо фаввораю нишастгоҳҳо, ниҳолҳои ороишию гулҳои мавсимӣ оро ёфта, тамоми ҳудуди он чароғон мегардад. Масъулин азм доранд, ки корҳои сохтмониро соли равон бо сифати баланд ба итмом расонанд.

Бояд гуфт, ки шаҳри Гулистон яке аз минтақаҳои сайёҳӣ ва саноатии вилояти Суғд буда, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Январь 25, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд