Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои мусоидат ба маблағгузории ҳадафҳои стратегӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 январ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати ва Роҳбари Дафтари ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид Кристин Товмасян баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо ҳамкории дутарафаро барои мусоидат ба маблағгузории ҳадафҳои стратегии мамлакат баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Завқӣ Завқизода ба намояндагони Созмони Милали Муттаҳид барои ҳамкории мутақобили судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии мамлакат миннатдорӣ баён намуд. Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон давоми 5 соли охир, новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳоти иқтисодӣ, барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ҷонибҳо пешниҳоди кумаки молиявию техникиро барои тақвият бахшидани низоми миллии мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, ба монанди «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025», таҳия ва муаррифии «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» муҳокима намуданд.
Гуфта шуд, ки дар «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкорию навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода мешавад.
Хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати омодагии Созмони Миллали Муттаҳид ва оҷонсиҳои онро барои мусоидат ба амалӣ гардонидани ҳадафу афзалияти рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






