ФАРҲАНГИ ИНТИХОБОТӢ. Тавассути он интихоби бошуурона, озод, бевосита ва пинҳонӣ таъмин мешавад
ДУШАНБЕ, 03.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Фарҳанги интихоботӣ инъикоси сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа мебошад, ки тавассути он интихоби бошуурона, озод, бевосита ва пинҳонӣ таъмин карда мешавад. Фарҳанги иштирок дар интихобот тақозо менамояд, ки он бояд бо риояи дақиқи меъёрҳои пазируфта амалӣ шавад, то ин ки дар таъмини ҳуқуқи интихоботии дигар шаҳрвандон халал ворид нагардад. Чунин шарҳ додааст фарҳанги интихоботро узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода. Дар зер шарҳи пурраи онро манзури хонандагон мегардонем.
Мафҳуми «фарҳанги интихоботӣ» ифодаи маҷмуи меъёру арзиш, қоида ва шакли рафторе аст, ки шаҳрвандон дар маъракаҳои интихоботӣ нишон медиҳанд. Аз ин рӯ, масъалаи омӯзиш ва арзёбии он хеле муҳим мебошад. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи Тоҷикистон дар ташаккули фарҳанги интихоботӣ яке аз унсурҳои муҳим маҳз арзишмандии робита байни наслҳои гуногун мебошад.
Дар баробари ин, фарҳанги интихоботӣ бо фарҳанги ҳуқуқӣ низ робитаи бевосита дошта, дар баъзе ҳолатҳо онро ҳамчун «фарҳанги ҳуқуқӣ-интихоботӣ» низ маънидод мекунанд. Заминаи асосии чунин маънидодкунӣ аз он бармеояд, ки татбиқи самараноки ҳуқуқи интихоботӣ дар маҷмуъ ба сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ вобаста мебошад. Доираи дониш, тасаввурот, ақидаҳои шаклгирифта дар масъалаи мавқеъ ва нақши ҳуқуқ, малакаҳои рафтори мақбули ҳуқуқӣ, ки шаҳрванд дар худ ташаккул додааст, барои амалӣ намудани доираи муқарраргардидаи ҳуқуқу озодӣ ва вазифаю уҳдадориҳои ӯ мусоидат менамояд. Рафтори танзимшудаи ҳуқуқӣ ҳамчун паҳлуи амалии ифодаи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрванд дар раванди интихобот низ аҳаммияти хос дорад.
Таҷрибаи баргузории маъракаҳои интихобот дар Тоҷикистон, ки ба сифати анъанаи муҳимми давлатдорӣ қабул шудааст, нишон медиҳад, ки ҳамаи онҳо дар доираи арзишҳои сиёсӣ ва тамоюлҳои мавҷудаи ҷамъиятию сиёсӣ амалӣ шудаанд. Дар ин самт яке аз нишондиҳандаҳои муҳим сатҳи иштироки интихобкунандагон мебошад. Фаъолнокии хосе, ки шаҳрвандон дар ин маъракаҳо нишон додаанд, аз ҷониби мушоҳидони дохилию байналмилалӣ мавриди таваҷчуҳ қарор гирифтаанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар маъракаҳои интихоботи парлумонӣ аз соли 1991 сар карда, нишондиҳандаи иштирок дар интихобот дар сатҳи баланд қарор дорад. Маълум аст, ки касе ва ё ниҳоде наметавонад шаҳрвандро барои иштирок дар интихобот маҷбур созад ё барои иштироки он монеа гардад, зеро иштирок дар интихобот ҳуқуқи шаҳрванд аст. Танҳо истифодаи васила ва механизмҳои фаъоли менеҷменти интихоботӣ, ташкил ва пешбурди фаъолияти васеъ ва густурдаи маърифатию иттилоотӣ, сегментатсияи дурусти электорат ва корбарии мақсаднок барои фаҳмонида додани моҳияти интихобот ва аҳаммияти истифодаи ҳуқуқи интихоботӣ метавонанд омили муайянкунанда дар ташвиқ ва эътимодбахшии онҳо барои иштирок дар интихобот бошад.
Ҳамзамон бо ин дар доираи фарҳанги сиёсии дар замони соҳибистиқлолӣ шаклгирифта иштирок дар интихобот ҳамчун василаи ифодаи иродаи шаҳрванд дарк карда мешавад. Хусусан муносибати насли миёна ва калонсол ба ин масъала ҷиддӣ буда, онҳо ҳамаҷониба ҷавононро барои иштироки фаъолона дар ин маърака тарғиб менамоянд. Аҳамияти ин амал пайванди ғоявӣ ва арзишии байни наслҳои гуногунро таъмин намуда, ба шинохти масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Ба таври дигар гӯем, ин натиҷаи таъсири омили иҷтимоию фарҳангӣ мебошад, ки то имрӯз ба тарбияи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии ҷавонон таъсир мерасонад.
Нишондиҳандаи дигаре, ки сатҳи фарҳанги интихоботии ҷомеаро инъикос менамояд, рафтори субъектҳои интихобот дар раванди ин маърака мебошад. Ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои онҳо, номзадҳои мустақил, аъзои ситодҳои интихоботӣ, интихобкунандагон ва мақомоти ваколатдори ташкил ва баргузоркунандаи интихобот дар ин маърака бояд дар доираи муқарроти қонунгузории мамлакат фаъолият кунанд. Риояи дақиқи қонунгузорӣ дар раванди баргузории интихобот омили муҳимми таъмини шаффофият ва қонуният дар он мебошад.
Ташаккули муносибати объективии аҳолӣ ба таҷрибаи амалкунандаи интихоботӣ ва инъикоси ин муносибат дар шаклҳои муайяни фаъолнокии интихоботӣ дар натиҷаи фаъолияти мақсадноки сохтори ваколатдор дар самти ташкил ва баргузор намудани интихобот ба даст оварда мешавад. Қонунгузории давлати мо дар соҳаи интихобот дахолати дигар субъектон, аз ҷумла мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро ба ин маърака манъ кардааст.
Дар баробари ин моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст, ки «таъсис ва фаъолияти дигар сохторҳо (мақомот, ташкилот), ки мақомоти интихоботиро иваз мекунанд ё пурра ё қисман вазифаи онҳоро анҷом медиҳанд, ё ба фаъолияти қонунии онҳо халал мерасонанд, ё ғайриқонунӣ ба фаъолияти онҳо дахолат мекунанд, ё мақом, ё салоҳияти онҳоро ба зиммаи худ мегиранд, манъ аст». Вобаста ба ин ҳолат маҳз мақоми ваколатдори давлатӣ – Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таври шаффоф, ошкоро, баробар, беғаразона ва овоздиҳии пинҳонӣ гузаронидани интихобот масъулият дорад.
Дар баробари ташкили фаъолияти густурдаи иттилоотӣ бо интихобкунандагон яке аз самтҳои муҳим дар раванди такмили фарҳанги интихоботӣ- ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва донишҳои сиёсии аъзои комиссияҳои интихоботӣ ҳамчун субъектони раванди интихобот мебошад. Омӯзонидани аъзои комиссияҳои интихоботӣ низ василаи муҳимми боло бурдани фарҳанги интихоботӣ мебошад. Таҷрибаи интихоботи гузашта дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ин самт аллакай пешравиҳои муайян ба даст оварда шудаанд. Масалан, дар маъракаи интихоботи парлумонии соли 2020 дар якчанд марҳила дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо роҳбарон ва аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот семинарҳои зиёд баргузор шуданд.
Ташкил ва пешбурди фаъолияти мақсадноки иттилоотӣ, маърифатӣ, омӯзишӣ, амалӣ намудани чораҳои зиёди ташкилию сафарбарнамоӣ, меъёрию дастурдиҳӣ имкон медиҳанд, ки муносибати объективонаи аҳолӣ дар ин масъала ташаккул дода шуда, эътимоди мардум ба ниҳоди интихобот боло бурда шавад.
Ҷузъи таркибии фарҳанги интихоботиро муносибат ва шакли муоширати байниҳамдигарии номзадҳо ташкил медиҳад. Таҷрибаи баргузории интихобот дар кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки дар маъракаи интихоботӣ номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ аз василаҳои гуногун, аз ҷумла василаҳои бадномкунӣ, дурӯғафканӣ, ҳангомасозӣ, иғвоангезӣ, паст задани обрӯ, таҳқири шахсият, дахолат ба ҳаёти шахсӣ ва паҳн намудани маводи гуногуни поймолкунандаи шаъну шарафи инсонӣ истифода мебаранд. Ин василаҳоро дар амалияи имрӯза ҳамчун технологияҳои «сиёҳ» маънидод мекунанд.
Дар робита ба ин гуфтан зарур аст, ки дар ҷомеаи мо, хушбахтона, муносибат ба ин масъала дигаргуна аст. Фарҳанги сиёсӣ ва интихоботии дар замони соҳибистиқлолӣ ташаккулёфта асосан ба арзишу меъёрҳое такя мекунад, ки бештар ба эҳтироми якдигар, таҳаммулпазирӣ, фарҳанги гӯш карда тавонистани рақиби сиёсии худ, эҳтироми шахсияти рақиб, худдорӣ аз иғво ва риояи арзишҳои умумибашарӣ арҷ мегузорад.
Қонунгузории интихоботӣ низ муқаррар намудаст, ки «воситаҳои ахбори омма, ки дар маъракаҳои пеш аз интихобот иштирок менамоянд, ҳақ надоранд ба нашри ахборе, ки шаъну шараф ва обрӯю эътибори кории номзадро паст мезананд, роҳ диҳанд». Дигар ин ки дар доираи арзишҳои дар ҷомеа пазируфташуда ва фарҳанги мақбули муошират дар маъракаҳои интихоботӣ ба ҳолатҳои дар боло гуфташуда роҳ дода намешавад. Ин ҷанбаи фарҳанги интихоботии ҷомеаро мушоҳидони байналмилалӣ низ қайд кардаанд.
Дар баробари ин бояд ба инобат гирифт, ки раванди рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба фарҳанги интихоботӣ таъсири бевосита мерасонад. Рақамикунонии муносибатҳо дар ин самт тавассути истифодаи василаҳои иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои муосири овоздиҳӣ тақозо менамояд, ки фаъолият дар самти такмили минбаъдаи фарҳанги интихоботӣ ин омилҳоро низ дар бар гирад, зеро василаҳои технологию иттилоотии замони муосир қудрати қавии таъсиррасонӣ ба мавқеъ ва ҷаҳонбинии интихобкунандагонро дошта, метавонанд ба мавқеи шаҳрвандии онҳо таъсир расонанд.
Рушди технологияҳои иттилоотӣ имконияти васеъро дар самти боло бурдани донишҳои сиёсӣ фароҳам оварда, ба раванди иҷтимоишавии шаҳрвандон низ таъсири бевосита мерасонад. Тамоюлҳои мавҷудаи ҷаҳонӣ дар самти ташаккули фарҳанги интихоботӣ таъсири бевоситаи худро ба шаклгирии фарҳанги интихоботии ҷавонони мо ҳам расонида метавонанд. Аз ин рӯ, зарурат ба фаъолгардонии чораҳои маърифатию иттилоотӣ ва идеологию омӯзишӣ боқӣ мемонад.
Ҳамин тариқ, дар заминаи таҳлили мавзуъ муайян мегардад, ки фарҳанги интихоботӣ ба сифати падидаи муҳимми ҳаёти ҷамъиятӣ баромад намуда, ифодаи ҳолати воқеии рушди муносибатҳои демократӣ дар ҷомеа мебошад. Вобаста ба ин маҳз фаъолгардонии омили объективӣ – баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зарур мебошад. Дар навбати худ ин омилҳо дар ташаккули шакли хоси фарҳанги интихоботӣ замина мегузоранд.
Боло бардоштани фарҳанги интихоботӣ дар шароити муосири рушди равандҳои демократикунонӣ хеле муҳим мебошад. Зеро ҳоло чунин нуктаи назар шакл гирифтааст, ки маҳз иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот нишонаи эътибору нуфуз ва қудрати ҳокимият мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»