ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон беш аз 250 ҳазор дарахт шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мева баргузор мегардад. То имрӯз дар вилояти Хатлон 259 ҳазору 800 бех дарахт шинонида шудааст.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар доираи Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ 25 январ дар назди бинои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.
Ин тадбир бо мақсади ороиш додани муҳити атроф ва ташвиқ намудани аҳолӣ ба нигоҳубини табиат ва сарфаи захираҳои табиӣ анҷом дода шуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷараёни ниҳолшинонӣ иброз намуд, ки шинонидани ниҳол на танҳо ба ҳифзи муҳити зист, балки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳати аҳолӣ мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардидааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон