ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон беш аз 250 ҳазор дарахт шинонида шуд

Январь 28, 2025 16:52

 ДУШАНБЕ, 28.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мева баргузор мегардад. То имрӯз дар вилояти Хатлон 259 ҳазору 800 бех дарахт шинонида шудааст.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар доираи Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ 25 январ   дар назди бинои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.

Ин тадбир бо мақсади ороиш додани муҳити атроф ва ташвиқ намудани аҳолӣ ба нигоҳубини табиат ва сарфаи захираҳои табиӣ анҷом дода шуд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷараёни ниҳолшинонӣ иброз намуд, ки шинонидани ниҳол на танҳо ба ҳифзи муҳити зист, балки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳати аҳолӣ мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Январь 28, 2025 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд