АРЗЁБИИ ХОНИШ-ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ СОҲАИ МАОРИФ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Январь 18, 2025 08:41

ДУШАНБЕ, 18.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Башарият аз замонҳои қадим арзиши маориф ва нақши муҳиммеро, ки таълим дар ҳаёти мо дорад, дарк кардааст. Демокрит, ки ба масъалаҳои таълиму тарбия таваҷҷуҳ карда буд, чунин хулосаро ба мо пешниҳод намудааст: «На ҳунар ба даст меояду на ҳикмат, агар омӯхта нашаванд». Ҷаҳони муосир бо суръат тағйир меёбад, волидон, омӯзгорон, кӯдакон ва ҷомеа дигар мешаванд. Вазъи мавҷуда хонандаи мактабро водор месозад, ки ба тариқи рӯзафзун дониш, малака ва маҳорати худро рушду такомул бахшад. Дар асри 21 бо суръат пеш рафтани технологияи рақамӣ инсонҳоро он қадар ба ҳам наздик сохтааст, ки ҳар дақиқа тамоми мардуми сайёра аз пешрафтҳои як гӯшаи олам маълумот дастрас менамоянд.

Мавҷи маълумоти рӯзафзун, пеш аз ҳама, аз хонанда ва омӯзгори замони муосир талаб менамояд, ки дараҷаи тафаккури худро то ба ҳадде рушд диҳанд, то хубро аз бад ба осонӣ фарқ карда тавонанд. Барои ба ин мақсад ноил шудан хониш ва дарки мазмун зарур аст. Вобаста ба ин, барномаҳои хониш ва саводнокии хонандагон аз кӯдакистон то донишгоҳу донишкадаҳо сол ба сол такмил дода мешаванд. Зеро дарки олами атрофу ҳодисаҳои он аз хониши бошуурона ва таҳлили маълумот ба даст оварда мешавад.

Дар ин раванд вазифаи мураббиёни кӯдакистон, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва падару модарон ниҳоят муҳим аст. Чунки муҳити фароҳамоварда дар хона ва мактаб ба рушди зеҳнии хонандагон таъсири бевосита ва бавосита дорад. Хонандагон ҳамчун шахсият дар ин ду муҳит худро мешиносанд ва қадам ба қадам рушд медиҳанд. Ҳамчунин маводи таълимӣ низ ба рушди хонандагон таъсир мегузорад. Дар умум, барои рушди шахсияти кӯдакон дар зинаҳои гуногуни таҳсил якчанд унсуре мавҷуданд, ки ба ин ё он тариқ таъсири худро мегузоранд.

Бо мақсади муайян кардани сатҳи саводнокии хониш аз соли 2001 инҷониб аз тарафи Ассотсиатсияи байналмилалии арзёбии дастовардҳои таҳсил дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҳқиқоти байналмилалии саводнокии хониш ва дарки матн гузаронида мешавад. Ин таҳқиқот, қабл аз ҳама, бо мақсади муайян кардани сатҳи саводнокӣ ва дарки матн дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ барои хонандагони синфи 4 баргузор карда мешавад. Номи расмии арзёбӣ Progress in International Reading Literacy Study (PIRLS), яъне, таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хониш мебошад. Дар ин таҳқиқот матнҳо, ба монанди ҳикоя, саргузашт, қисса, афсона ва матнҳои маълумотӣ арзёбӣ карда мешаванд. Инчунин бо мақсади муайян кардани унсурҳои таъсиррасон ба раванди таълиму тарбияи хонандагон пурсишномаҳо бо иштироки падару модарон, омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагон низ гузаронида мешаванд.

Ҳадафи асосии арзёбӣ таҳлили муқоисавии низоми маориф дар мамолики гуногун буда, таҷрибаҳои пешқадам дар самти фароҳам овардани таҳсили босифат барои амалӣ сохтани яке аз Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид «Таъмини таҳсилоти босифат дар ҳама зинаҳои таҳсил» байни кишварҳои аъзо табодул карда мешавад.

Ҳамин тариқ, натиҷаи таҳлили вазъи хониш ва саводнокии ҳар давлат ба таври алоҳида омода карда шуда, барои беҳтаргардонии низоми маориф ба ҷонибҳои манфиатдори соҳаи маориф пешниҳод мешавад. Дар асоси таҳлили натиҷаҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф якҷо бо Ҳукумати иҷроия қарори дахлдор қабул намуда, сиёсати давлатии худро дар самти маориф рушду тавсеа мебахшанд. Зеро хонандагон то синфи 4 барномаи таълимиро бояд он қадар хуб омӯзанд, ки дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил барои рушди дониш, малака, маҳорат ва худшиносии миллӣ ба хубӣ истифода намоянд. Яъне, хонандагон тавонанд тавассути хониш худро дар оянда соҳибмаълумот ва соҳибкасб намуда, дар бозори меҳнат мавқеи сазовор ёфта, аз лиҳози иқтисодӣ зиндагии хуб созанд ва дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа саҳм гузоранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 дар қатори 60 кишвар иштирок намояд.

Мавриди тазаккур аст, ки то имрӯз дар ин самт якчанд  фаъолият, ба мисли ба имзо расонидани Созишномаи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии арзёбии дастовардҳои таҳсил, таъсиси «Маркази миллии арзёбии PIRLS» ба ҳайси гурӯҳи корӣ дар назди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор ҷалб намудани мушовирони миллӣ, таъсиси ҳайати Кумитаи тадорукот аз ҳисоби кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеъ, Агентии назорат дар соҳаи мориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуданд.

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 бо дастгирии лоиҳаи «Муҳити таълим — асоси таҳсили босифат», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, татбиқ мегардад.

Давраи озмоиши арзёбии байналмилалии PIRLS моҳи март ва апрели соли 2025 тариқи технологияи иттилоотӣ бо истифода аз компютерҳои фардӣ ба нақша гирифта шуда, дар он зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Давраи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS дар моҳи март ва апрели соли 2026 дар назар дошта шуда, натиҷаи он барои таҳлил ва баррасӣ дар соли 2027 дастраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид ва стратегияҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориро бо шарикони рушд пайваста тақвият бахшад. Барои амалӣ шудани ҳадафҳои статегии Ҳукумати мамлакат кӯшишҳои хастагинопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа мебошанд.

Воқеан, чуноне ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, бояд барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсил барои насли наврас бояд аввалиндараҷа шароити мусоид муҳайё сохт.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар кардани муҳити таълим ва омӯзиш дар асоси натиҷаҳои бадастомада қарорҳои зарурӣ қабул намуда, барои хонандагони ҷумҳурӣ боз ҳам шароити мусоидтару муассиртари таҳсил фароҳам меорад. Зеро заминаи мусоид гузоштан ба насли наврас барои дар оянда соҳибмаълумот ва соҳибкасб гардидани онҳо ва амалӣ кардани ҳадафҳои дарпешгузоштаи мамлакат мусоидат мекунад.

Хониши бошуурона тақозои ҳар давру замон буду ҳаст ва зарурати он дар замони муосир бештар мешавад. Зеро рушди мунтазам ва бо суръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир шароит фароҳам овардааст, ки дар он бе саводи таҳлилию интиқодӣ дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ фаъолият кардан ғайриимкон мегардад. Аз ин рӯ, мебояд дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорему дар ҳамбастагӣ барои наслҳои оянда давлати ободу осоишта ба мерос гузорем.

Дилшод САФАРЗОДА,
муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 18, 2025 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Мубориза бо хурофот ва ҷаҳолат рисолати шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон аст
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оғози марҳилаи рушди инноватсия мебошад
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лакноуи Ҳиндустон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Лакнави Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Абдулло Раҳмонзода: «Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рисолати таърихсозӣ доранд»
ТОҶИКОН ҶАҲОНРО ТАСХИР МЕНАМОЯНД! Барномаи «Дурахшандагон» ба ҷавонони лаёқатманди Тоҷикистон кумак мерасонад
ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ СОКИНОН-ҲАДАФИ ОЛИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
«РОҒУН» — ШОҲАСАРИ ЭНЕРГЕТИКАИ НАВИН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ТОЗА. Ин иншооти азим Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасонад