БА ДӮСТДОРОНИ КИТОБ. Дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 29.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, намоиш-фурӯши китоб аз соати 10:00 то 16:00 баргузор шуда, дар он ноширони ватанӣ китобҳои бадеӣ, илмӣ, адабиёти бачагона ва тарҷумаи бадеиро бо сифати баланд пешниҳод менамоянд. Ин намоиш-фурӯши китоб барои дастрасӣ ба китобҳои тозанашр беҳтарин имконият аст.
Рушди анъанаи китобдорию китобхонӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии Президенти Тоҷикистон дониста мешавад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат иброз доштанд, «мо як нуктаро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст ва олим бе китобхонӣ олим намешавад. Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз китобхонӣ бозмондӣ, аз фикр кардан ҳам мемонӣ».
Тавре Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён 27 январи имсол зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, «муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра дар маҷмуъ 212 номгӯй китобҳои бадеӣ, илмӣ-оммавӣ ва таълимиро бо теъдоди 78 750 нусха ба табъ расониданд. Тавассути ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар маҷмуъ 52 номгӯй китоб бо теъдоди 19 447 нусха ба тариқи ройгон ба 562 китобхонаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дода шуд».
Соли ҳафтум аст, ки дар мамлакат бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавӣ бо ташаббус ва ҳамчунин таҳти таваҷҷуҳ ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Тибқи иттилои масъулин, баъди баргузории ин озмун дар мамлакат сафи китобхонҳо ба маротиб афзудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад






