Ба сокинони деҳаи Офтобрӯяи ноҳияи Файзобод моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фаҳмонида шуд

Январь 18, 2025 18:00

ФАЙЗОБОД, 18.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод  ба сокинони деҳаи Офтобрӯяи Ҷамоати  деҳоти Бӯстон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро аз 28 декабри соли 2024 шарҳу тавзеҳ дод. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки нуктаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз баланд бардоштани сатҳи илмомӯзӣ, рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор, фароҳам овардани шароити  мусоид барои наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани  сатҳи саводнокию маърифатнокии  миллат иборат мебошанд.

Президенти Тоҷикистон аз аввал то анҷоми Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид бар ин доштанд, ки тавассути омӯхтани илму дониш,  фаро гирифтани чанд забони хориҷӣ метавон ба рушди бештари илм,  техникаю технологияи навтарин ва дигар самтҳои муҳиму пешрафтаи илми ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо намуд.

Бояд гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои кулли сокинони мамлакат ҳуҷҷати муҳим ва дастурамали корӣ ба ҳисоб рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногуни соли сипаригашта инчунин нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дар бар мегирад.

Аъзои гурӯҳи корӣ дар мулоқот оид ба  таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, амалӣ намудани қонунҳои миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва дигар мавзуъҳои муҳим сухан гуфтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

Январь 18, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
Дар Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
РИОЯИ ОДОБУ РУСУМИ НЕКИ МИЛЛӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ