Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир гардид. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 25 январ Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар мамлакат барои баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоӣ якчанд барномаю қарорҳо амал мекунанд. Аз ҷумла, “Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоӣ”, “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040” ва “Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030” ва чандин барномаю нақшаҳои миллии амал ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа мусоидат менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақрибан 240 ташкилоту муассисаҳои гуногун, ба монанди Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ бо 31 сохтори зертобеъ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо 124 муассиса, аз ҷумла 7 муассисаи будубоши доимӣ: хона-интернатҳо, 4 осоишгоҳу истироҳатгоҳ, 5 маркази минтақавии ҳамоҳангсозии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, 44 шуъбаи марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, 6 маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолону маъюбон ва 58 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ, ки тибқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ фаъолият доранд, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон, Заводи протезию ортопедӣ дар шаҳри Душанбе бо 4 филиал, ду маркази тавонбахшии маъюбон дар Чорбоғ ва Балҷувон, Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон ва зӯроварӣ дар оила, Маркази иттилоотию таҳлилӣ, 72 шуъба ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо амал мекунанд.
Ин ҳама ба шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманданд, аз ҷумла пиронсолону маъюбон, ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, оилаҳои камбизоат, шаҳрвандони мубталои Вируси норасоии масунияти одам, бемории сил ва гурӯҳҳои дигаре, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд, хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ мерасонанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид






