«ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ ЗУҲУРОТИ КОРРУПСИОНӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 январ бо ибтикори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Чораҳои пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар соҳаи нақлиёт» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барот Расулӣ иброз дошт, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор намудани чунин конференсия, ки ба мавзуи пешгирии чораҳои зуҳуроти коррупсионӣ дар соҳаи нақлиёт бахшида шудааст, нишони он аст, ки сохторҳои дахлдор аз ҳарвақта дида бештар ҷиддияти масъалаи коррупсия ва аҳамияти муқовимати онро дарк намуда, дар рушди босуботи мамлакат саҳм мегузоранд.
Иброз гардид, ки коррупсия мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир буда, ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ-иҷтимоӣ ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, некуаҳволии мардум, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад. Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад.
Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода вобаста ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва рақамикунонии соҳа, пешгирӣ ва коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ дар ин самт гуфт, ки дар сохтори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» таъсис дода шудааст.
Вазифаи асосии он рақамикунонӣ ва беҳдошти суръат ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ва аз байн бурдани хавфи сар задани омилҳои коррупсионӣ мебошад.
Тақвият додани низоми электронии пардохти ҳаққи хизматрасонии давлат ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани фаъолият яке аз талаботи банди нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад.
Моддаи 541, иловаи 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон намудани талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ менамояд.
Аз ҷумла, барои аз ҷониби кормандони вазорату идора ва ташкилоти давлатӣ гирифтани пули нақд, ки таъйиноти он ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ва буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намуди дигари электронии шахсии пардохт бо ин мақсад аст, ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Аз ин рӯ бо муборизаи дастҷамъона, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили муқовимат ба коррупсия метавон шиддати ин зуҳуротро дар мамлакат коҳиш диҳад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз мавҷудияти ин зуҳуроти номатлуб изҳори нигаронӣ намуда, барои пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои омилҳои коррупсионӣ дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас мегузоранд.
Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Вашингтон мизи мудаввари сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид
Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифтанд
Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра иҷро намуданд
Шурои машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид
Ҳаҷми маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҷиҳати татбиқи 22 лоиҳа тасдиқ гардид
Дар Суғд ба 60 нафар занони ҳунарманд гранти Раиси вилоят супорида шуд
Тоҷикистон ва Қатар роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ карданд
Дар Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир беш аз чор миллион ҷойи кор таъсис ва барқарор гардидааст
Дар Душанбе Муколамаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «80 миллион нафар, 5 кишвар, 1 овоз» доир гардид
Дар Форуми байналмилалии «Хатлон инвест-2025» байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии солонаи аъзоёни Шабакаи байниидоравии Камден иштирок намуд






