Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат вобаста ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар мавзуи «Паёми Пешвои миллат-такондиҳандаи рушди фарҳанги миллӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода хабар доданд.
Ректори донишкада иброз намуд, ки «дар замони истиқлоли давлатӣ зери сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги мардуми тоҷик пурра эҳё гардида, рушд ёфт. Пешвои миллат ба соҳаи фарҳанг ҳамчун муаррифи миллат ва асоси ҳастии давлат эътибори хосса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки имрӯз фазои фарҳанги миллӣ ҳифз гардида, барои таърих ва пояи ҳастии миллат тадбирҳо андешида мешаванд».
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои мамлакат дар соли 2024 ҳамаҷониба таҳлил шуда, таваҷҷуҳи иштирокдорон ва тамоми аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ба масъалаҳои умдаи сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт – саноат, энергетика, сохтмони роҳҳои нав, таъмини ваҳдату якдигарфаҳмӣ, амнияти ҷомеа, таҳкими мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, андешидани тадбирҳои муассири иловагӣ оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва илму маориф ҷалб гардид.
Агар муҳтавои асосии андешаҳоеро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди фарҳанги миллӣ иброз намуданд, таҳлилу натиҷагирӣ намоем, онҳоро метавон ба сифати барномаи стратегии рушди соҳаи номбурда на танҳо барои соли оянда, балки барои ояндаи дур низ арзёбӣ намуд.
Иброз гардид, ки яке аз таҳдидҳои асосии ҷаҳонишавӣ- ин аз байн рафтани арзишҳои аслии миллӣ мебошад. Пешвои миллат ҳамеша аз аҳамияти ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ёдовар шуда, таъкид менамоянд, ки бе фарҳанг ҳеҷ миллат наметавонад худро ҳамчун ҷомеаи мутамаддин муаррифӣ кунад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, дар низоми сиёсии давлатдорӣ анъанаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва самтнамои ҳаракати устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи рушду амну осоиш мебошад.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд






