Дар Душанбе Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон дар бахшҳои «Пулҳои тиҷоратӣ ва инноватсияҳо: нигоҳи нав ба робитаҳои иқтисодӣ» ва «Кашфи уфуқҳои нав: Тоҷикистон ва Эрон –пайвасти фарҳангҳо дар ҷаҳони сайёҳӣ» идома ёфта, дар он роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Эрон доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон сухан менамоянд.
Интизор меравад, ки дар доираи Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расанд.
Ёдовар мешавем, ки 15 январ дар шаҳри Душанбе нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон доир гардид. Дар он доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд






