Дар Душанбе таҳти унвони «Созмони ҳамкории Шанхай: дар роҳи ҷомеаи солим бе маводи мухаддир» ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 январ дар шаҳри Душанбе дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон таҳти унвони «Созмони ҳамкории Шанхай: дар роҳи ҷомеаи солим бе маводи мухаддир» ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид. Ташкилкунандагони ҳамоиш Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиши байналмилалӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон Даврон Сафарзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад ва муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Сохайл Хан сухан гуфтанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш табодули афкори ҳамаҷониба оид ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва амалисозии барномаҳои пешгирикунанда оид ба мубориза бо нашъамандӣ ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар минтақа баргузор гардид.
Иштирокчиён инчунин раванди татбиқи Қарори Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи такмили фаъолияти ин созмонро бо таваҷҷуҳ ба таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҳамоиш малакаҳои кори фаврии сагҳои хизматии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.
Иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ инчунин бо намоишгоҳи аксҳои Агентӣ ва маҷмуи васеи таҷҳизоти махсус, ки дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир истифода мешаванд, шинос шуданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикист