Дар Душанбе таҳти унвони «Созмони ҳамкории Шанхай: дар роҳи ҷомеаи солим бе маводи мухаддир» ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд

Январь 29, 2025 16:25

ДУШАНБЕ, 29.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 январ дар шаҳри Душанбе дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон таҳти унвони «Созмони ҳамкории Шанхай: дар роҳи ҷомеаи солим бе маводи мухаддир» ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид. Ташкилкунандагони ҳамоиш Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиши байналмилалӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон Даврон Сафарзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зафар Самад ва муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Сохайл Хан сухан гуфтанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш табодули афкори ҳамаҷониба оид ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва амалисозии барномаҳои пешгирикунанда оид ба мубориза бо нашъамандӣ ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар минтақа баргузор гардид.

Иштирокчиён инчунин раванди татбиқи Қарори Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи такмили фаъолияти ин созмонро бо таваҷҷуҳ ба таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҳамоиш малакаҳои кори фаврии сагҳои хизматии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ инчунин бо намоишгоҳи аксҳои Агентӣ ва маҷмуи васеи таҷҳизоти махсус, ки дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир истифода мешаванд, шинос шуданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикист

Январь 29, 2025 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд