Дар Хуҷанд ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид
СУҒД, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 48 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва 966 ҷойи кор бо ҷалби 36,5 миллион сомонӣ сармояи мустақим сохта, ба истифода дода шуд. Бо ин миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 306 адад расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастии нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2024 иттилоъ дода шуд, ки Хуҷанд яке аз шаҳрҳои калонтарини саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаҷми умумии маҳсулоти дар вилояти Суғд истеҳсолшаванда саҳми устувор мегузорад.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида соли 2024 ба 2 миллиарду 30,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 119,3 миллион сомонӣ ё 8,3 дар сад зиёд аст. Аз ин миқдор ба маблағи 416 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷи дуру наздик содирот карда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 19,9 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, 105 фоизро ташкил намуд, ки барои рушду такомули ин соҳаи воқеии иқтисодиёт заминаи устувор мегузорад.
Дар ин давра шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида зиёд шуда, аз ҷониби 110 корхонаи хурду калон ба маблағи 894 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 81,1 миллион сомонӣ зиёд буда, 110 фоизро ташкил намуд.
Шумораи корхонаҳои маҳсулот истеҳсолкунанда 32 адад зиёд гардида, теъдоди онҳо ба 239 адад расонида шуд. Аз шумораи умумии маҳсулоти истеҳсолшуда 113 номгӯй нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 зиёда аз 100 фоиз таъмин шудааст.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






