Дар шаҳри Роғун бо мақсади омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид

Январь 9, 2025 16:20

РОҒУН, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.

Иштирокдорони ҳамоиш  доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар  намуда,  онро  ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳо ва дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳама самтҳо арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, соҳаҳои обу энергетика, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва дигар мавзуъҳои муҳимро фаро мегирад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин буда, роҳи рушду пешрафти моро дар ояндаи наздик муайян мекунад. Бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат раванди созандагию ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаю барномаҳои пешбинигардида барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ мегарданд.

Дар ҷамъомад масъулин оид ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, беҳтар гардонидани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои саноату сайёҳӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  сухан гуфтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Январь 9, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Мубориза бо хурофот ва ҷаҳолат рисолати шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон аст
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оғози марҳилаи рушди инноватсия мебошад
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ АСТ. Мулоҳизаҳои муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Абдулло Раҳмонзода: «Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рисолати таърихсозӣ доранд»
ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ СОКИНОН-ҲАДАФИ ОЛИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ТАҲЛИЛИ НУКТАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Сармояи инсонӣ заминаи рушди устувори иқтисодӣ аст
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ метавонад ҷойгоҳи арзандаро ишғол намояд