Дар шаҳри Теҳрон маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона баргузор шуд

Январь 29, 2025 17:18

ДУШАНБЕ, 29.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар қароргоҳи ин муассиса бахшида ба фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона нишасти адабӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.

Дар он намояндагони доираҳои илмию адабӣ, пажуҳишгарону рӯзноманигорон ва алоқамандони шеъру адаб иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ зимни суханронӣ бо ишора ба дастовардҳои фарҳангию адабии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ва рушди ҳамкорӣ дар ин самт бо Эрон нақши боризи Фарзонаро дар адабиёти муосири Тоҷикистон ва ҳавзаи адабиёти форсизабонон таъкид кард, шеъри ӯро шеъри ҳомили паёмҳо ва башоратҳои инсонсоз ва миллатсоз, шеъри бозгӯкунандаи ормонҳои ахлоқию маънавии инсон ва ҷомеа ва шеъри ҳидояткунанда ба ислоҳу салоҳи иҷтимоӣ донист.

Раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Саъд Хон Фарзонаро аз ифтихороти минтақаи ин созмон хонд ва таъкид кард, ки осори ин шоири маъруфи Тоҷикистон дар давлатҳои минтақа бо истиқболи самимии хонандагон мувоҷеҳ шудааст.

Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш дар интиҳои ҷаласа бо забони шеър аз меҳмонон изҳори сипос намуданд.

Ҳамзамон зимни нишаст китоби «Ҳумоюннома» — ёдномае аз фарзанди шодравони Фарзона ва Озарахш, ки чанде пеш тавассути нашриёти «Хирадгон» дар Теҳрон чоп шуд, рӯнамоӣ гардид.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон

Январь 29, 2025 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд