Дар Тоҷикобод мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» идома доранд

Январь 5, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 05.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд, ки онҳо бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» бо сокинон суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд. Чунин вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Шинги Ҷамоати деҳоти Зарафшони ноҳия баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод.

Аъзои гурӯҳи корӣ дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, ба сокинони деҳаи Шинг расонида, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки то соли 2027 мардуми Тоҷикистон бо барқ таъмин гашта, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта пурра бартараф мегардад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» баррасӣ шуданд.

Дар вохӯрӣ сокинони деҳаи Шинг ибрози андеша намуда, ҷонибдории худро аз сиёсати инсондӯстона ва маорифпарваронаи Роҳбари давлат баён доштанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

Январь 5, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд