Донишгоҳи давлатии Бохтар соли 2024 ба даҳгонаи аввали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дохил гардид

Январь 6, 2025 14:23

ДУШАНБЕ, 06.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 январ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидории донишгоҳ дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иттилоъ доданд.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз дошт, ки тибқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар соли 2024 ба даҳгонаи аввал дохил гардид.

Инчунин дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишҷӯёни донишгоҳ бо гирифтани 3 ҷойи дуюм, 1 ҷойи сеюм ва 1 ҷойи ифтихорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мақоми сеюмро касб карданд. Ҳамчунин дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 2 ҷойи ифтихорӣ, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» 2 ҷойи сеюм ва 1 ҷойи ифтихорӣ ва дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 1 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

Дар Фестивали мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯёни донишгоҳ дар намуди гӯштини миллӣ 13 медал ва дар намуди варзиши сабук — волейбол соҳиби ҷойи аввал гардиданд.

Ҳамчунин байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футбол миёни 62 даста баргузор гардид, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ҷойи аввалро соҳиб шуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар барои ҳавасмандгардонии устодону донишҷӯён чанд пешниҳод манзур намуд:

  1. Ба хотири Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардидани 25 май Ҷоми раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оид ба футбол байни омӯзгорону донишҷӯён таъсис дода шавад;
  2. Вобаста ба тарғиби осори гаронмояи ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз рӯйи равияҳои табиӣ ва гуманитарӣ барои 6 донишҷӯ идрорпулии ба номи «Носири Хусрав» таъсис дода шавад;
  3. Омӯзгорон барои дифои рисолаи докторӣ бо 20 ҳазор сомонӣ, барои дифои рисолаи номзадӣ дар равияи гуманитарӣ бо 5 ҳазор сомонӣ ва барои равияи илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ бо 8 ҳазор сомонӣ ҳавасманд карда шаванд;
  4. Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои ҷойи 1-ум бо 15000 сомонӣ, ҷойи 2-юм бо 10000 сомонӣ ва ҷойи 3-юм бо 5000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шаванд;
  5. Дар заминаи дастгириҳои иҷтимоии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2025 музди маоши кормандон 10 фоиз аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ баланд бардошта шавад;
  6. Муҳаққиқоне, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол» сазовори ҷойи намоён мегарданд, ба маблағи 5000 сомонӣ қадрдонӣ карда шаванд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Январь 6, 2025 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд