Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 02.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Эҳсони Панҷшанбе ҳамчун бозингари озод ба «Суғдиёна»-и Ҷиззах гузашт. Охирин дастаи Эҳсон «Истиқлол»-и Душанбе буд, ки соли гузашта бо ин тим барандаи чемпионат ва Суперҷоми Тоҷикистон шуд.
Эҳсони Панҷшанбе дар «Суғдиёна» якҷо бо ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Қаблан Эҳсони Панҷшанбе бо пироҳанҳои бошгоҳҳои «Вахш», «Барқчӣ», «Истиқлол», «Навбаҳор» (Узбекистон) ва «Зуб Оҳан» (Эрон) бозӣ кардааст.
Эҳсони Панҷшанбе аз соли 2016 дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, дар 57 бозӣ панҷ гол задааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






