ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
ДУШАНБЕ, 05.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 2 марти соли 2025 ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст. Омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохоҷа Баракотов моҳият ва аҳамияти интихоботро чунин шарҳ дод:
— Истиқлоли давлатӣ ҳамчун заминаи муҳими ташаккули давлатдории мустақил барои Тоҷикистон марҳилаи таърихии навро боз намуд. Дар ин замина интихоби роҳи демократии рушд тақозо менамуд, ки дар ташаккули ҳокимияти сиёсӣ иродаи мардум ба инобат гирифта шавад. Бо ин мақсад бунёди низоми нави сиёсӣ ва дар заминаи он таъсиси ниҳоди интихобот ҳамчун механизми татбиқи муносибатҳои демократӣ амалӣ гардид.
Ниҳоди интихобот ҳамчун воситаи ташаккул ва таъмини қонунмандии ҳокимият дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, муайян намудани масири рушд ва суботи сиёсӣ дар давлат нақши муҳим дорад. Вобаста ба ин дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки «ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст». Муқаррароти конститутсионии мазкур барои баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун василаи баёни иродаи халқ замина гузоштааст.
Ниҳоди интихобот дар Тоҷикистон давоми даврони соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои душвори ташаккул ва рушдро паси сар намуда, сарфи назар аз ҳама гуна мушкилот ҳамчун унсури таркибии раванди сиёсӣ баромад намуд. Он ба сифати субъекти фаъол дар таҳаввули ҳокимияти сиёсӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим гузошт.
Таърихи зиёда аз сисолаи соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон собит месозад, ки новобаста ба шароити мураккаби сиёсӣ, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ, интихоботи парлумонӣ ва президентӣ дар марҳилаҳои муайяншуда баргузор гардида, иродаи шаҳрвандон дар ташаккули ниҳодҳои мақомоти давлатӣ ба инобат гирифта мешуд. Маҳз тавассути интихобот қонунмандии ҳокимияти сиёсӣ эътироф гардида, давлат дар арсаи байналмилалӣ нуфуз ва нақши худро таҳким мебахшид.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки интихобот дар ҳар зинаи мақомоти намояндагӣ ва иҷроия хусусияти худро дошта, вобаста ба ин Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва принсипҳо муҳлати баргузорӣ ва низоми интихоботиро дар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бевосита муқаррар намудааст.
Интихобот василаи осоиштаи мубориза барои соҳиб шудан ба ҳокимияти сиёсӣ буда, бо истифода аз технологияҳои муайяни интихоботӣ доир мешавад. Дар раванди он масъалаи ҳуқуқи интихоботӣ, марҳиланокӣ, баробарӣ, ошкоро ва шаффоф гузаштани он, пинҳонӣ будани иродаи интихобкунанда ва озодии иштирок дар овоздиҳӣ бояд ҳатман риоя карда шавад.
Дар доираи адабиёти муосир ду тарзи муносибат оид ба маънидодкунии категорияи «интихобот» вуҷуд дорад:
-якум, интихобот ҳамчун падидаи сиёсӣ маънидод ва тавсиф шуда, ба сифати механизми сиёсии ташаккули ҳокимият фаҳмида мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар даҳсолаҳои охир олимон ва намояндагони соҳаи илмҳои сиёсӣ саъйи худро барои омӯзиши ин падида зиёд намуда, моҳияти сиёсӣ доштани интихоботро ҳамаҷиҳата асоснок намуда истодаанд.
— дуюм, маънидодкунии интихобот ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ, ки тавассути он якчанд масъалаҳои муҳими ҳуқуқӣ, аз ҷумла, эътирофи қонунмандии ҳокимият, тартиби таъмини ҳуқуқҳои сиёсӣ, аз қабили ҳуқуқи интихоботӣ, ҳуқуқи муттаҳид шудан, ибрози озоди ақида ва ғайра, ки асоси демократияро ташкил медиҳанд, ҳалли худро меёбанд.
Фаҳмиши сиёсии интихобот аз принсипи қабули қарорҳои дастҷамъӣ сарчашма гирифта, қарорҳои сиёсӣ на аз ҷониби як гурӯҳи алоҳидаи одамон, балки аз ҷониби халқ ҳамчун субъекти раванди интихобот дар асоси изҳори иродаи озод қабул карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки талаботу манфиатҳои шаҳрвандон оид ба масъалаи интихоб ифодаи муносибатҳои сиёсӣ дар ҷомеа мебошад. Воқеан, ҳукумат ва мардум мустақиман тавассути интихобот бо ҳам пайваст мегарданд ва мардум ин ҳукуматро дар заминаи иродаи озоди хеш интихоб менамояд.
Инчунин дар раванди интихобот ҳуқуқҳои интихобкунандагон бевосита амалӣ мегарданд.
Таҳлили функсионалии интихобот ба ошкор намудани сатҳи сиёсии интихобот мусоидат менамояд. Ҳангоми тафсири ниҳодҳои интихоботӣ наметавон аз ин ҷанбаҳои сиёсӣ, ба мисли ҳокимият дар канор монд. Олимон ва донишмандон ҳангоми ошкор намудани хусусияти сиёсии интихобот иброз менамоянд, ки «дар зери мафҳуми интихобот иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар амалӣ намудани ҳокимияти мардум фаҳмида мешавад». Мазмун ва дарки «интихобот» ҳамчун категорияи сиёсӣ имкон медиҳад, ки маҳз тавассути вазифаҳои худ моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва мақому нақши он дар ҷомеа муайян карда шавад.
Умуман, демократия ва интихобот мафҳумҳои ҷудонопазир ва пурракунандаи якдигар мебошанд, зеро дар амал «ҳукмронии халқӣ» бе намояндагони интихобшудаи ҳукумат тасаввурнопазир аст. Бешубҳа, интихобот василаи сиёсӣ мебошад, зеро тавассути он мақомоти ҳокимият ташаккул меёбад. Дар баробари ин, аҳамияти интихобот, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки он асоси демократияи намояндагӣ буда, ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар идоракунии ҳокимият иштирок намоянд.
Дар ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ташкили интихобот ҳамчун маъракаи сиёсӣ ва таъмини шинохти он ҳамчун ниҳоди сиёсӣ хеле муҳим мебошад. Интихобот идораи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократию озод ва шаффоф гузаронидани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.
Таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон яке аз василаҳои муҳими таъмини боварӣ ба худи раванди интихобот ҳамчун механизми амалинамоии демократия, қонунмандии ҳокимият ва қудрати давлат маҳсуб шуда, давлати қудратманду пуриқтидор маҳз дар заминаи боварӣ ва дастгирии шаҳрвандон ташаккул меёбад. Ҳамин аст, ки ҳуқуқи интихоботӣ ҳамчун василаи таъмини иштироки шахс дар ташаккули ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ эътироф карда мешавад.
Дар ин ҳолат раванди интихобот миқдори муайяни марҳилаҳое аст, ки пай дар пай якдигарро иваз мекунанд ва аз лаҳзаи таъйин шудани санаи интихобот то лаҳзаи эълони натиҷаҳои овоздиҳӣ идома меёбанд.
Аз ин рӯ, интихобот хусусияти зарурии демократия буда, онро ҷомеа ва давлат мунтазам дар муҳлатҳои қатъии муқарраркардаи қонун истифода мебарад.
Соҳиб гаштани шаҳрвандон ба ҳуқуқи овоздиҳӣ мардумро ба сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ табдил медиҳад. Интихобот дар дасти мардум воситаи асосии ташаккули ҳокимияти давлатӣ, додани ваколатҳо ба вакилон ва шахсони мансабдори интихобшуда ба муҳлатҳои муайян мебошад. То он даме, ки интихоботи демократӣ баргузор мегардад, халқ чун сарчашмаи ягонаи ҳокимият баромад мекунад. Одамон ба интихобот ба андозае манфиатдор ҳастанд, ки метавонанд талаботи худро тавассути ниҳоди интихобот баён созанд.
Дар илми муосири сиёсӣ низомҳои гуногуни интихоботӣ маълуманд, ки асоситарини онҳо низоми мажоритарӣ ё аксарият, низоми пропорсионалӣ ё мутаносиб ва омехта мебошанд, ки истифодаи принсипҳои ду низоми пештараро дар якҷоягӣ дар назар дорад.
Бояд гуфт, ки танҳо дар давлати ҳуқуқбунёд бо системаи ташаккулёфтаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми бисёрҳизбии самаранок интихобот ҳамчун воситаи татбиқи манфиатҳои аҳолӣ мақом пайдо мекунад.
Вобаста ба воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон гуфтан зарур аст, ки айни замон ҳафт ҳизби сиёсӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Онҳо ҳуқуқ доранд ҳамчун субъекти фаъоли раванди интихобот дар асосҳои баробар ба раванди интихоботӣ ворид шуда, барои ба даст овардани мандати вакилӣ мубориза баранд.
Тавре таҳлилҳо нишон доданд, мафҳуми «интихобот» хусусияти барҷаста дошта, дар тарзи муносибатҳои гуногуни назариявии фаҳми он, ки дар боло гуфта шуд, инъикос меёбад. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки дар асоси таҳлили гузаронида маҷмуи нуқтаи назари дар боло гуфташударо баррасӣ намуда, дар бораи моҳияти интихобот чунин андешаҳоро баён намоем:
— интихобот ниҳоди сиёсӣ ва раванди қабули қарорҳои сиёсӣ ва идоракунӣ мебошад.
— интихобот хоси демократияи намояндагӣ буда, роҳи афзалиятноки ташкили мақомоти давлатӣ дар ҷомеаи демократӣ мебошад.
— интихобот асоси ҷомеаи демократӣ мебошад, ки шакли асосии иштироки аҳолиро дар ҳаёти сиёсӣ ифода мекунад.
— интихобот ниҳоди сиёсие аст, ки меъёрҳои расмӣ ва сиёсиро дар бар мегирад.
АКС: АМИТ «Ховар»