Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар раванди интихобот бозгӯи камолоти фарҳанги сиёсию ҳуқуқии онҳо аст

Январь 25, 2025 11:03

ДУШАНБЕ, 25.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Маликшо Неъматзода дар маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки «Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бояд  сармашқи кори ҳар яки мо бошад ва мо, халқи Тоҷикистон дар якҷоягӣ дар ободонии мамлакатамон саҳми бориз гузорем». 

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки дар маҳфил нуктаҳои асосии Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

«Нуктаҳои асосии ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  ба фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои сокинони мамлакат   нигаронида шудаанд.  Пешвои миллат ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми Тоҷикистон, бахусус ҷавонон эътимоди комил доранд. Аз ин рӯ моро месазад, ки бо фаъолияти худ ва нишон додани натиҷаҳои самаранок сазовори эътимоди Роҳбари давлат гардем»,-таъкид гардид дар ҳамоиш.

Иштирокдорони ҳамоиш иброз намуданд, ки дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа тақозо менамояд, ки ҷавонон нисбат ба нақшу мавқеи худ фаъолтару бошууронатар муносибат намоянд. Таъкид шуд, ки яке аз василаҳои муҳими фаъол гардонидани нақши ҷавонон дар равандҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихобот боло бурдани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо мебошад. Ҳар маъракаи интихобот, ки дар марҳилаҳои муайян дар мамлакат баргузор мешавад, имкони мусоиди санҷиши масъулиятшиносии ҷавонон аст, зеро маҳз дар ҳамин давра фазои сиёсии муносиб барои нишон додани мавқеи шаҳрвандӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон фароҳам оварда мешавад. Вобаста ба ин ҷалби ҷавонон ва фаъолияти онҳо дар раванди интихобот муҳим мебошад.

Гуфта шуд, ки иштироки фаъолонаи ҷавонон дар раванди интихобот васила ва нишони камолоти фарҳанги сиёсию ҳуқуқии онҳо мебошад.  Муносибати бошууронаи ҷавонон ба иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ, дарки вазифаҳо дар назди ҷомеа ва давлат ва кӯшиши иштироки фаъолона дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ифодаи ташаккули насли ҷавони худшинос дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

АКС: Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе

Январь 25, 2025 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»