ИСТАРАВШАН – «ОСОРХОНА ДАР ФАЗОИ КУШОД». Ва ё шаҳре, ки ба узвияти Шурои ҷаҳонии ҳунармандон пазируфта шуд

Январь 29, 2025 16:53

ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 шаҳри Истаравшан ба узвияти Шурои ҷаҳонии ҳунармандон пазируфта шуд. Шаҳодатнома ба роҳбарияти шаҳри Истаравшан ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ» зимни баргузории нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ «Озар», ки 1-3 октябри соли 2024 дар ин шаҳри бостонӣ доир гардид, супурда шуд. Дар ин хусус зимни баргузории нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 январи соли равон иттилоъ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи баргузории Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ «Озар» 40 ҳунарманд аз давлатҳои аъзои Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ ва меҳмонону ҳунамардони тоҷик намоиши ҳунарии мардуми шаҳри Истаравшанро тамошо намуданд.

Иштирокдорони фестивал ҳамчунин бо мавзеъҳои таърихиву растаҳои ҳунармандон ва Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан шинос шуда, ба маҳсули дасти ҳунармандони ин шаҳр баҳои баланд доданд.

Бояд гуфт, ки Истаравшани бостонӣ яке аз мавзеъҳои таърихӣ ба шумор рафта, ин шаҳрро «осорхона дар фазои кушод» ном мебаранд. Айни замон дар шаҳр 153 ёдгории таърихӣ ва 160 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд мебошанд.

Ёддовар мешавем, ки мақбараҳои Хоҷа Абдураҳмони Авф (асри VIII) ва Хоҷа Абдуқодири Ҷелонӣ (асри ХУ), Боботағои Валӣ (асри ХУ), Сари Мазор (асри ХVI), маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ (асрҳои ХVII-ХIХ), Чор Гумбаз (асри Х1Х), Савристон ва даҳҳо ёдгории дигар дар баробари муаррифии мероси бузурги таърихии миллати тоҷик беҳтарин намунаҳои ҳунари сокинони шаҳри Истаравшан, аз ҷумла наҷҷорону наққошон, кандакорон ва дигар ҳунармандон ба шумор мераванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2025 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид