КИШОВАРЗОН АЗ БАРФ ЧӢ ГУНА ИСТИФОДА БАРАНД? Посухи коршинос ба ин савол манзур мегардад
ДУШАНБЕ, 29.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барфи имрӯз ва сардии ҳафтаи охир, пеш аз ҳама, ба манфиати кори деҳқонон аст. Зеро барф ҳашароти зараррасонро нобуд намуда, дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ нигоҳ медорад. Чунин тавсия медиҳад директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов ба боғпарварони мамлакат.
Коршинос маслиҳат медиҳад, ки боғдорон дар ин шабу рӯз бояд барфро дар гирди дарахтон ҷамъ намоянд. Барф решаи дарахтонро бо намии дуру дароз таъмин месозад. Фоидаи барф аз он иборат аст, ки ҳашароти зараррасони боғу токзор ва дигар зироати кишоварзиро нест менамояд. Инчунин дар ин рӯзҳои сард бояд яхобмониро мувофиқи талабот иҷро намуд. Зеро яхобмонӣ имконият медиҳад, ки ҳашарот ва касалиҳои дар хок ва дар атрофи дарахтон вуҷуддошта нобуд гарданд. Ҳамзамон давраи гулкунии баҳории дарахтон дар фасли баҳор дертар оғоз мешавад.
«Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон дарахтони донакдор муғча бастаанд. Агар моҳи феврал ҳаво сард шуда, барф борад, ин ба манфиати боғпарварон ва соҳаи растанипарварӣ аст. Вале агар ҳарорат баланду камбориш гардад, ин ба бедоршавӣ ва гулкунии барвақтии дарахтон мусоидат мекунад»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Мутахассиси соҳа изҳор медорад, ки он ҳашарот ва касалиҳое, ки дар дарахтон вуҷуд доранд, дар ҳарорати 10 дараҷа паст, яъне давоми як ҳафтаи сардӣ пурра нобуд мегарданд. Ин имкон медиҳад, ки дарахтон дар оянда ҳосили фаровон диҳанд.
Шарофиддин Кароматов таъкид кард, ки дар ин шабу рӯз шудгор намудани заминҳо ба манфиати кор мебошад. «Барфе, ки меборад, барои нафасгирии хок аҳамияти зиёд дорад. Вақте ки барф мебораду мо заминҳоро шудгор менамоем, ин фоида дорад. Зеро ҳангоми шудгор намудан ҳашароте, ки дар зери замин ҳастанд, боло мебароянд ва шабона, ки ҳаво сард ва яхбандӣ мешавад, ин ҳашарот пурра нест мешаванд».
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН. Ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Хуч на танҳо хосияти шифобахшӣ, балки аҳамияти калони экологӣ низ дорад
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
ЗАХИРАҲОИ ОБ — МУҲИМТАРИН МАНБАИ ҲАЁТ. Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор мешавад
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз






