Мактаби зимистона оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ифтитоҳ шуд

Январь 30, 2025 18:00

 ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ  мактаби зимистона дар мавзуи «Коҳиши хатари офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии хатари пиряхҳо дар ҷомеаҳои устувори минтақаҳои кӯҳӣ» ифтитоҳ шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо мақсади ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аввалин мактаби зимистонаро бо ҷалби донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, намояндагони муассисаҳои илмию таълимии Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон ва дигар ниҳодҳо оғоз намуданд.

Баргузории мактаби зимистона барои ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон муҳим ва таърихӣ ба ҳисоб рафта, соли равон ин аввалин чорабинии сатҳи баланд дар донишгоҳ аст, ки ба татбиқи бандҳои дахлдори харитаи роҳи «Стратегияи рушди донишгоҳ барои давраи солҳои 2025-2035» дар самти робитаҳои байналмилалӣ вобастагӣ дорад.

Баргузории мактаби зимистона дар мавзуи тағйирёбии иқлим, махсусан обшавии пиряхҳо ва кам намудани хавфу хатарҳои офатҳои табиӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Он ба баланд бардоштани огоҳӣ дар самти коҳиш додани хатари офатҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, мусоидат ба муколама ва мубодилаи дониш байни муҳаққиқон ва донишҷӯён, мусоидат ба таҳияи лоиҳаҳои гендерӣ, ҳамгироии донишҳои назариявӣ ва амалӣ, ташкили платформаи ҳамкорӣ барои донишҷӯён ва мутахассисон оид ба ҳалли идоракунии устувори офатҳои табиӣ ва ба даст овардани таҷрибаи амалӣ тавассути корҳои саҳроӣ, машваратҳо ва машқҳои амалӣ бо татбиқ намудани дониши назариявӣ дар амал равона гардидааст.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо назардошти тағйирёбии иқлим барномаҳои таълимии ихтисосҳои ин самт, аз қабили мониторинги экологӣ, менеҷмент ва аудит, ҳифзи ҳаёту фаъолият, ҳифзи муҳандисии муҳити зист, манбаҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ ва амсоли инро бо омӯзиши таҷрибаи пешқадам такмил дода, мутахассисони баландихтисос омода менамояд.

Чорабинӣ то 6 феврал идома ёфта, дар ин давра баргузории машғулияти назариявию саҳроӣ вобаста ба мавзуъҳои дахлдор пешбинӣ шудааст.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Январь 30, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд